Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

"Эътиборро паст зад": Президент Сафарзодаро барои гирифтани пора барканор кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон, Сафарзода Носирхонро бинобар паст задани шаъну эътибор аз мақом барканор кард
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо содир намудани фармоне Сафарзода Носирхонро аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон барканор кард, хабар медиҳад котиботи президенти Тоҷикистон.
Заседание правительства РТ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2020
“Шаъну шарафро паст зад”: Президент Собирзодаро баъди 4 моҳ барканор кард
"Сафарзода Носирхон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шавад", - омадааст дар фармони раисҷумҳур.
Бар асоси гузоришҳои расида, Сафарзода аз ҷониби кормандони Ожонсии зидди фасод боздошт шудааст. Ӯ барои гирифтани ришва дар ҳаҷми 5 ҳазор доллар муттаҳам дониста мешавад.
Феълан, нисбати Сафарзода тибқи моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани пора парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дирӯз мансабдор - фардо дузд: пурсарусадотарин парвандаҳои ҷиноии кормандони давлатӣ
Гуфта мешавад, Сафарзода Носирхон бештар аз 10 сол дар Додгоҳи шаҳри Панҷакент кор карда, аз соли 2017 то замони боздошт судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон будааст.
Ёдовар мешавем, қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва судяи суди ноҳияи Айниро аз вазифа сабукдӯш кард.
Президент, Холиқзода Акбар ва Собирзода Зайдуллоро айнан бо сабаби паст задани шаъну эътибор аз мақом ронд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала