Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт! Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
Ирсоли такрорӣ
https://sputnik-tj.com/20210319/Ukraina-karantin-1033029694.html
Киев қарантини шадид ҷорӣ мекунад
Киев қарантини шадид ҷорӣ мекунад
Мири шаҳри Киев Виталий Кличко аз ҷорӣ шудани қарантини шадиди се ҳафтаина хабар дод. Теъдоди ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронаиврус дар Украина ҳамарӯза... 19.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-19T12:50+0500
2021-03-19T12:50+0500
2021-03-19T12:23+0500
тандурустӣ
дар ҷаҳон
ҳамаи хабарҳо
пайомадҳои covid-19 дар тоҷикистон ва ҷаҳон
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1d/1031988493_0:0:3072:1739_1920x0_80_0_0_52be222802a7272d373f809506774c16.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Аз 20 март то 9 апрел дар Киев бинобар бад шудани вазъият дар робита ба паҳншавии коронавирус, қарантини шадид ҷорӣ мегардад.Дар бораи ҷорӣ шудани қарантин раиси шаҳри Киев Виталий Кличко дар сафҳаи Facebook хабар додааст.Гуфта мешавад, то 9 апрел ҳамаи кинотеатрҳо, толорҳои консертӣ, осорхонаҳо ва марказҳои тиҷоратӣ фаъолияти худро қатъ мекунанд.Танҳо мағозаҳои хӯрокворӣ, дорухонаҳо ва ҳамчунин фурӯшгоҳҳои ҳайвонот бо риояи тамоми чораҳои беҳдоштӣ фаъол мемонанд.Коронавирус ба Украина расид: дари макотиб баста ва чорабиниҳои оммавӣ манъ гардидандДари ибодатгоҳҳо низ баста шуда, иштироки тамошобинон дар мусобиқаҳои варзишӣ манъ карда шудааст. Зимнан, кӯдакистонҳо дар режими маъмулӣ фаъолият мекунанд, аммо толибилмон ба таҳсили фосилавӣ мегузаранд.Бояд гуфт, ки шабонарӯзи ахир дар Украина 15 053 ҳолати ҷадид сироятшавии шаҳрвандон ба вируси COVID - 19 сабт гардидааст, ки аз ин миён бештар аз 1 ҳазор мариз дар Киев ба қайд гирифта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1d/1031988493_0:0:3072:1931_1920x0_80_0_0_ffe5e0a081b49a8adaddd91a803edc94.jpg Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
тандурустӣ, дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, пайомадҳои covid-19 дар тоҷикистон ва ҷаҳон
Киев қарантини шадид ҷорӣ мекунад Мири шаҳри Киев Виталий Кличко аз ҷорӣ шудани қарантини шадиди се ҳафтаина хабар дод. Теъдоди ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронаиврус дар Украина ҳамарӯза меафзояд
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Аз 20 март то 9 апрел дар Киев бинобар бад шудани вазъият дар робита ба паҳншавии коронавирус, қарантини шадид ҷорӣ мегардад.
Дар бораи ҷорӣ шудани қарантин раиси шаҳри Киев Виталий Кличко дар сафҳаи Facebook хабар додааст.
"Аз 00:00 - и 20 март, аниқтараш аз шаби ҷумъа ба шанбе дар Киев қарантини шадид ҷорӣ мешавад. Зеро наҷот додани ҷони одамон афзалтар аст. Ин маҳдудиятҳо то се ҳафта идома хоҳанд ёфт", - таъкид намудааст мири шаҳри Киев. Гуфта мешавад, то 9 апрел ҳамаи кинотеатрҳо, толорҳои консертӣ, осорхонаҳо ва марказҳои тиҷоратӣ фаъолияти худро қатъ мекунанд.
Танҳо мағозаҳои хӯрокворӣ, дорухонаҳо ва ҳамчунин фурӯшгоҳҳои ҳайвонот бо риояи тамоми чораҳои беҳдоштӣ фаъол мемонанд.
Дари ибодатгоҳҳо низ баста шуда, иштироки тамошобинон дар мусобиқаҳои варзишӣ манъ карда шудааст. Зимнан, кӯдакистонҳо дар режими маъмулӣ фаъолият мекунанд, аммо толибилмон ба таҳсили фосилавӣ мегузаранд.
Бояд гуфт, ки шабонарӯзи ахир дар Украина 15 053 ҳолати ҷадид сироятшавии шаҳрвандон ба вируси COVID - 19 сабт гардидааст, ки аз ин миён бештар аз 1 ҳазор мариз дар Киев ба қайд гирифта шудааст.