Вокуниши Назаров ба қарори AIU: инро барои аз Олимпиадаи Токио маҳрум кардани ман карданд

© AP / Jae C. HongДильшод Назаров на Олимпийских играх-2016 в Рио-де-Жанейро
Дильшод Назаров на Олимпийских играх-2016 в Рио-де-Жанейро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Дилшод Назаров, гурзандози номовари тоҷик дар як изҳороташ қарори ниҳоди мустақил бар зидди падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU) ғайривоқеӣ ва махсусан барои маҳрум кардани ӯ аз ширкат дар
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Ахиран ниҳоди мустақил бар зидди падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU) ҳукмашро нисбат ба варзишкори тоҷик Дилшод Назаров бароварда, ӯро дар истифодаи ин дар истифодаи допинг муттаҳам кард.
Олимпийский чемпион Дильшод Назаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Дилшод Назаров ба истифодаи допинг гунаҳагор ва 2 сол аз мусобиқот маҳрум шуд
Дилшод Назаров дар сафҳаи фейсбукияш навишт, тӯли 1,5 соли охир барои барқарор кардани шарафи номи худ мубориза бурдам, мутаассифона, тамоми кӯшишҳои маънавию ҷисмонӣ ва молиявии ман бенатиҷа буданд, зеро ҳамаи далелҳои барои исботи бегуноҳиям, ки аз ҷониби адвокати аврупоии кирояшудаи ман пешниҳод гардиданд, пешакӣ аз ҷониби айбдоркунандагон ба тӯҳмат эътимоднок карда шуданд.
Варзишкор навиштааст, ки дар ӯ дар майдони муборизаи ҳалоли варзишӣ барои онҳо як рақиби пурқуввату тавоное буд, ки ба таври дуруст ва аз рӯи меъёрҳои варзишӣ бо вай рақобат кардан барояшон мушкил буд ва онҳо аз роҳи ҳалоли рақобат даст кашида, тасмим гирифтанд, ки маро ба майдони ҷангашон кашанд.
Ба навиштаи Назаров, бо онҳо дар майдони худашон мубориза бурдан бошад, ба мисли бо “осиёи бодӣ” ҷанг кардан аст, ки анҷомаш нокомӣ мебошад. .
"Ман намефаҳмидам, ки чаро вақте ки ман ва тими ман ҳар вақте ки ба пирӯзӣ наздик мешудем, санаи муҳокимаҳо мавқуф гузошта мешуд ва баъдан гаштаю баргашта ин саҳна такорор меёфт. Ҳеҷ намефаҳмидем, ки барои чи ба номаҳои мо моҳҳо посухе намерасад?",- бо ҳайронӣ суол гузоштааст варзишгар.
Ман қарор додам, ки ин бозиро бас кунам ва пас аз 2 рӯз ба ман мактубе омад, ки маро то 24 сентябри соли 2021 аз ҳақи ширкат маҳрум карданд.
Номбурда гуфтааст, пас аз ҳисоби муҳлат фаҳмид, ки ӯро махсус барои дурсозӣ аз Олимпиадаи Токио, ки санаи баргузории он 23 июл то 8 ва ӯ барояшон вазнин хоҳад омад, ин корро кардаанд.
"Онҳо ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии Токиоро аз ман гирифтанд, аммо ман то ҳол қаҳрамони олимпии Бозиҳои олимпии соли 2016-и Рио ҳастам ва медали тиллои Рио-2016 то ҳол дар хазинаи дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад", - навиштааст Назаров.
Бар асоси қарори ниҳоди мустақил бар зидди падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU) давраи маҳрум кардани қаҳрамони феълии Олимпиада аз 24 сентябри соли 2019 оғоз мешавад, аз ин рӯ Назаров метавонад бозгашт барои ширкат дар мусобиқаҳоро моҳи октябри соли 2021 оғоз кунад.
Президент Международной федерации самбо Василий Шестаков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Шестаков: Самбочиёни тоҷик метавонанд дар Ҷоми ҷаҳон дар Маскав медалҳои тилло бигиранд
Ёдовар мешавем, ки гурзандози тоҷик пас аз дубора санҷидани намунаҳои допинг аз ӯ ҳангоми мусобиқаи ҷаҳонии варзиши сабук соли 2011 дар шаҳри Тэгуи Кореяи Ҷанубӣ муҷозот шуд.
Дар намунаи ӯ моддаи манъшудаи дегидрохлорметилтестостерон (DHCMT) ёфт шудааст.
Ҳамин тариқ, дастовардҳои варзишгар давоми ду сол аз 29 августи 2011 то 29 августи соли 2013 бекор карда мешавад.
Қаблан низ худи Назаров дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон истифодаи допингро рад карда буд.
Дилшод Назаров ғайр аз медали тиллои Бозиҳои Олимпии 2016, дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон-2015 дар Пекин ва инчунин се медали дараҷаи олии Бозиҳои Осиё мебошад.
Дилшод Назарови 38-сола нахустин ва то имрӯз ягона варзишгари тоҷик аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ таҳти парчами Тоҷикистон сазовори унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала