Юнусов: дар Тоҷикистон насли боқуввати шоҳмотбозон ба воя мерасанд

© Sputnik / Amir IsaevНахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот "Ҷоми Пешвои миллат"
Нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот Ҷоми Пешвои миллат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Обуна шудан
Илҳом Юнусов, ноиби президенти Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, мегӯяд дар ҷумҳурӣ насли пурқуввати шоҳмотбозон камол ёфта истодааст
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Юнусов дар ҷамъбасти озмуни шоҳмотбозони ҷумҳурӣ, ки бо пирӯзии наврасон анҷом ёфт, изҳор дошт, ки ин далели ба воя расидани шоҳмотбозони боқувват мебошад.
Таджикский гроссмейстер Амонатов выиграл блицтурнир в Петербурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Шоҳмотбози тоҷик Амонатов ғолиби мусобиқа дар шаҳри Санкт-Петербург шуд
Ахиран дар Душанбе мусобиқаи шоҳмот бо иштироки зиёда аз 70 шоҳмотбози синнусоли гуногун доир гардид. Дар мусобиқа байни мардон 51 нафар ширкат варзида, ғайриинтизор Ҷалолиддин Илҳомии 13-сола бо касби 7,5 имтиёз аз 9 холи имконпазир дар байни калонсолон ғолибият ба даст овард, хабар дод сомонаи телевизиони “Варзиш”.
Манбаъ афзуд, бо касби ҳамин миқдор имтиёз Меҳриддин Шарифови 17-сола зинаи дуюми мусобиқаро миёни мардон ишғол намуд. Медали биринҷии мусобиқаро Шаҳром Салимови 19-сола соҳиб шуд.
“Ин гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон насли бештар бақуваттари шоҳмотбозон ба воя мерасад”, - иброз дошт ноиби президети Федератсияи миллии шоҳмот, роҳбари Федератсияи шоҳмоти Душанбе Илҳом Юнусов.
Ба иттилои сомона, дар рақобатҳо байни занон 22 нафар ширкат варзида, Мутриба Ҳотамӣ бо касби 9 имтиёз аз 9 холи имконпазир бори навбатӣ ба пирӯзӣ ноил гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро миёни занони шоҳмотбоз Сарвиноз Каримова ва Шукрона Масҳабова ишғол намуданд.
Лентаи хабарҳо
0