Зодрӯзи Зайд Саидов ва Убайдулло Раҷабов: имрӯзи таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 19 марта
День 19 марта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Обуна шудан
Рӯзи нӯздаҳуми март дар рӯзи байналмилалии мизоҷ ва ҳамзамон дар Финландия Рӯзи баробарҳуқуқӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 19 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1899 дар Русия аввалин истгоҳи "Ёрии таъҷилӣ" кушода шуд.
Соли 1991 натиҷаҳои раъйпурсии Қазоқистон оид ба масъалаи пойдории Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ эълон карда шуд.
Соли 1953 аввалин маротиба дар телевизион маросими супоридани ҷоизаи "Оскар" намоиш дода шуд.
Соли 1958 дар Страсбург аввалин ҷаласаи Парлумони Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Рӯзи 19 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия қарор қабул карда шуд.
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе 10-солагии фаъолияти Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон таҷлил карда шуд.
День 16 марта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Зодрӯзи Абдуҷаббор Раҳмонов: имрӯзи таърих
Соли 2009 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҳиндустон дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва  пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридании андоз аз даромадро тасдиқ намуд.
Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, суханронӣ намуд.
Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, суханронӣ намуд.
Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма"-ро ба имзо расонид.
Соли 2013 Сарвари давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма"-ро ба имзо расонид.
Соли 2014 дар маркази шаҳри Душанбе боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, мавриди баҳрабардории умум қарор гирифт.
Соли 2015 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми аввалини Тоҷикистону Япония оид ба илм, технология ва навоварӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 19 март
 

  • Рӯзи байналмилалии мизоҷ.
  • Дар Финландия – Рӯзи баробарҳуқуқӣ.

Рӯзи 19 март кӣ ба дунё омадааст

Шомил Аминов (1935) – доктори илми иқтисод.
Файзулло Ансорӣ (1931 – 1980) – шоир, драматург.
Ҳабибулло Бобоев (1945)- иқтисоддон, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Каримҷон Бурҳонов (1941 – 2000) – мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Шоҳайдар Ёдгорӣ (1942) – нависанда.
Муаззама (Аҳмадова) (1952 – 1988) – нависанда.
Зуҳро Назарова (1959) – раққоса Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Неъмат Бобоҷон (1942)- шоир.
Ҳотам Нуров (1950) – актёри театру кино.
Ҷурахон Обидпур (1940) – дирижёр, профессор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Раҷабалии Аҳмад (1937) – нависанда.
Мўсо Раҷабов (1918 – 1996) – доктори илми фалсафа, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
Убайдулло Раҷабов (1941) – актёри театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, доранда Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
Саидолими Боқӣ (1927- 2004)- шоир.
Сафар Амирхон (1952) – шоир.
Суфизода Асадулло (1932)- фолклоршинос, профессор.
Усмон Тоҷибоев (1932-1984)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Ўктами Иброҳим (1956)- нависанда (Самарқанд).
Парвона Ҷамшедов (1943) – доктори илми филологӣ, профессор.
Ҷумъа Қуддус (1958) – драматург.
Зайд Саидов (1959)- собиқ вазири саноати Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0