Аз бедодгариҳои НАТО то қатли Қаззофӣ: 10 соли нооромиҳои Либияи як замон шукуфон

© AFP 2021 / SIMON MAINAМуаммар Каддафи
Муаммар Каддафи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Имӯз аз замони ҳамлаи нерӯҳои паймони НАТО ба Либия, давлате, ки як замон шукуфон буду мардумаш зиндагии ором дошт, 10 со пур мешавад. Пас аз суқути ҳукумати Муаммар Қаззофӣ то имрӯз дар ин сарзамин нооромию бесуботӣ ҳукмфармост
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Садҳо бомба ва мушак, ҳазорон қурбонӣ, бартарии комили мошини низомии Ғарб - дақиқан даҳ сол пеш, 19 марти 2011 артиши кишварҳои НАТО ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Либия дахолат карданд.
Нерӯҳои таҳти назорати Қаззофӣ буда наметавонистанд ба онҳо чизе муқобилат кунанд - авиатсияи паймон ҳама гуна муқовиматро саривақт пахш кард. Амалиёт рӯзи 31 октябр ба поён расид. Дар натиҷа, Либия, ки як замон давлати пешрафта буд, дар маҷмӯъ мавҷудияти худро қатъ кард. Ҷангҳо дар онҷо ҳанӯз идома доранд. Дар бораи дахолати Ғарб ба ин кишвари замоне шукуфонро дар ин мавод бихонед.

Ҳисобҳои гузашта

Моҳи феврали соли 2011 мардум ба хиёбонҳои дуввумин шаҳри сераҳолии Либия Бенғозӣ барои талаби озодии адвокат ва фаъоли ҳуқуқи башар Фатҳӣ Тербил, ки аз ҷониби мақомот боздошт шуда буд, баромаданд. Пас аз ду рӯз, дар саросари кишвар намоишҳои густурдаи зиддиҳукуматӣ сар шуданд.
Канцлер Германии Ангела Меркель, президент Франции Эммануэль Макрон и президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2020
Ғарб медонад, ки ташаббускори асосии сулҳ дар Либия Русия аст
Имрӯз, аксари коршиносон мӯътақиданд, ки сабаби аслии ҷанги шаҳрвандӣ дар ин давлати Африқои Шимолӣ муноқишаи байни қабилаҳои Киренаика ва Триполитания мебошад. Зодаи қавми охирин Муаммар Қаззофи беш аз 40 сол бидуни муҳлат ҳукмронӣ кард, ки ин ба қавми рақиб писанд набуд.
Нерӯҳои амниятии Қаззофӣ аз силоҳ истифода кардаанд ва ошӯбҳо ба задухӯрдҳои хиёбонӣ табдил ёфту шумораи кушташудагон ба даҳҳо нафар расид. Мухолифин якчанд анбори яроқро забт ва Бенғозиро дар ихтиёри худ гирифтанд.
Дар аввали моҳи март мухолифони Қаззофӣ "раҳпаймоӣ ба Триполиро" эълон карданд.
Тақрибан панҷ ҳазор  шибҳанизомӣ ба пойтахт ҳамла карданд, аммо онҳо мағлуб шуданд. Он замон артиши Қаззофӣ тонкҳо, тӯпхонаҳо, ҳавопаймоҳои пурқудрат дошт, дар ҳоле ки мухолифин бо пулемётҳо буданд. То 18 март нерӯҳои ҳукуматӣ барои ворид шудан ба Бенғозӣ ва хотима додан ба исён омодагӣ мегирифтанд. Аммо Шӯрои Амнияти СММ аз тарси қатл ба ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷозат дод, ки дар Либия нерӯ истифода шавад. Танҳо огоҳӣ, бидуни ҳеҷ гуна ҳуҷуми заминӣ.
Флаг США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Демократия меомӯзонанд. ИМА усулҳои мудохиларо ёфт
Ҳукуматҳои Ғарб муддати тӯлонӣ дандонҳояшонро барои Қаззофӣ тез мекарданд ва шитоб мекарданд, ки фурсати муносибро барои ҳисобҳои кӯҳна ба даст оранд. Либия пас аз табаддулоти давлатӣ соли 1969 аксар вақт бо Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида рӯ ба рӯ мешуд. Вашингтон Қаззофиро дар пуштибонӣ аз терроризми байналмилалӣ айбдор кард, Париж ҳеҷ гоҳ Триполиро барои ҳамла ба мустамликаи собиқи Фаронса дар Чад солҳои 70-80 ва Лондон, барои кӯмак ба ҷудоихоҳони ирландӣ, ҳеҷ гоҳ намебахшид. Пас аз қатъномаи СММ оид ба дахолат масъалаи ҳалшуда буд.
Аммо, Қаззофӣ истеъфо надод. "Ман ҳеҷ гоҳ сарзамини Либияро тарк нахоҳам кард, то қатраи охирини хун мубориза хоҳам бурд ва дар ин ҷо ҳамроҳи бобоёни худ ҳамчун шаҳид хоҳам мурд",- гуфт ӯ ба мардум. "Ман президенте нестам, ки биравад, ман пешвои инқилоб ҳастам ва як ҷанговари бадавӣ, ки Либияро шуҳратёр кард".

Минтақаи мамнӯъ

Пентагон, сарпараст ва созмондиҳандаи амалиёт, ба соҳилҳои Либия қувваи таъсирбахш, иборат аз  чаҳор ҳазор нафар пиёдагардон, корпуси 22-юми пиёдагарди баҳрӣ бо пешрафтатарин силоҳҳои низомӣ ворид кард.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2020
Лавров: давлати Либия аз ҷониби НАТО бомбгузорӣ карда шуд
Инчунин, амрикоиҳо ҳавопаймоҳои ҳамла ва бомбаандоз омода карданд.
Иштирокчиёни фаъоли амалиёт, фаронсавиҳо чор фрегат ва киштии ҳавопаймоии Шарл де Голлро сафарбар карданд. Дигар аъзои НАТО низ саҳме гузоштанд. Дар маҷмӯъ, дар ин амалиёт низомиёни 18 кишвар ба ин ё он дараҷа ҷалб карда шуданд.
Гарчанде ки қатъномаи СММ танҳо парвозро дар болои Либия барои огоҳӣ пешбинӣ мекард, ҳавопаймоҳои НАТО аввал ба ҳадафҳои заминӣ зарба заданд.
Рӯзи 19 март, тақрибан 20 ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоии Фаронса ба оммаи мошинҳои зиреҳпӯши артиши ҳукуматӣ дар наздикии Бенғозӣ ҳамла карданд. Худи ҳамон рӯз, нерӯҳои баҳрии Амрико ва Бритониё ба сӯи ҳадафҳо дар Либия 114 мушаки болдор партоб карданд.
Ба иттилои Триполи, аз ин ҳамлаҳо 64 нафар кушта ва 150 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳавопаймоҳои НАТО даҳҳо пулро хароб карданд, роҳҳо вайрон шуданд ва бисёр инфрасохтори шаҳрвандирон хароб карданд.
© © Фото : U.S. 6th Fleet/Austin G. CollinsАмериканский эсминец USS Roosevelt во время транзита в направлении Черного моря
Американский эсминец USS Roosevelt во время транзита в направлении Черного моря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Американский эсминец USS Roosevelt во время транзита в направлении Черного моря
Дар рӯзҳои баъдӣ бомбаборон идома ёфт. Ҳазорҳо лавозимоти ҷангии калибрҳои гуногун ба кишвар афтод. Рӯзи 23 март фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Бритониё Грег Багвилл эълом дошт, ки нерӯҳои ҳавоии Либия дигар вуҷуд надоранд. Тибқи қатъномаи СММ, дахолат бояд дар он ҷо анҷом меёфт. Бо вуҷуди ин, Ғарб бас карданӣ набуд.

Марги роҳбар

Бо бартарии ҳавоӣ ба даст овардани фазои Либия, ҳавопаймоҳои ҳамлаи НАТО ба несту нобуд кардани таҷҳизот, қувваи корӣ ва инфрасохтори артиши Қаззофӣ шурӯъ карданд. Ин латукӯб буд. Амрикоиҳо ҳатто дар амалиёт "савораҳои вазнин" - ҳавопаймоҳои стратегии бомбаандози Б-1Б ва В-2, инчунин "батареяи парвозкунанда" -и АС-130 -ро истифода карданд. Авиатсияи НАТО қариб беҷазо амал мекард - системаи кӯҳнаи мудофиаи зиддиҳавоии Либия ба ҳавопаймоҳои муосир тоб оварда наметавонист.
В Польше размещен батальон НАТО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Таваҷҷӯҳ ба Қрим: чигуна НАТО таҳти Байден барқарор мешавад
Низомиёни Либия чархболҳои худро аз даст дода, тақрибан ҳамаи системаҳои дифоъи зиддиҳавоиро аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳо гум карданд, нерӯҳои заминӣ дар муқобили таҷовузкор амалан коре карда натавонистанд. Ҳамин тавр, 10 апрел ҳавопаймоҳои Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ якбора 25 танки Либияро нобуд карданд. Дар моҳи май ҳавопаймоҳои НАТО ба бомбаборони Триполи шурӯъ карданд. Онҳо борҳо ба манзили Муаммар Қаззофӣ зарба заданд, аммо ҳар дафъа ӯ тавонист фирор кунад.
Яке аз пинҳонгоҳҳои ӯ дар шаҳри Сирт дар шимоли кишвар буд. То тирамоҳи соли 2011, ин шаҳрак яке аз он маҳаллаҳое буд, ки то ҳол Триполии расмӣ онро назорат мекунад. Дар аввали моҳи октябр, гурӯҳҳои мусаллаҳи оппозитсия ба ҳамла шурӯъ карданд.
© Sputnik / Андрей Стенин / Гузаштан ба хазинаи аксБоец оппозиции стреляет из пулемета в истребитель в городе Рас-Лануф
Боец оппозиции стреляет из пулемета в истребитель в городе Рас-Лануф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Боец оппозиции стреляет из пулемета в истребитель в городе Рас-Лануф
Ҷонибдорони Шӯрои Миллии Гузар - медонистанд, ки Қаззофӣ дар Сирт пинҳон аст ва кӯшиш мекарданд, ки ӯро ба ҳар сурат дастгир кунад.
Онҳо раҳбари Либияро рӯзи 20 октябр ҳангоми забт кардани шаҳр дастгир карданд.
Дар атрофи Каддафи издиҳом ҷамъ омад ва ҳама кӯшиш мекарданд, ки ӯро бизананд, таҳқир кунанд, чизи вазнинро ба сӯи ӯ партоянд.
Зиёда аз се соат ӯро масхара карданд, пас аз он ба мошин бор карда, ба беморхона бурданд. Аммо он вақт ӯ аллакай аз олам чашм пӯшида буд. Ва блоки НАТО, кори худро анҷом дод, амалиётро 31 октябр ба анҷом расонд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала