Расман: Ҳабиб комилан тарки UFC кард ва ба нафақа баромад

© AP / John LocherХабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором
Хабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Обуна шудан
Президенти UFC Дана Уайт гуфт, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов расман ба корномаи варзишии худ нуқта гузошт
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Дана Уайт гуфт, Ҳабиб Нурмуҳаммадов комилан тарки UFC кард ва акнун ба корномаи варзишии худ нуқта гузоштааст. Ӯ дар ин бора дар сафҳаи Twitter худ хабар дод. 
"Ӯ 100 % бознишаста аст. Тамошои кори шумо бисёр ҳаловатовар буд. Ҳабиб Нурмуҳаммадов, барои ҳамааш ташаккур. Дӯстам, акнун аз он чизе, ки туро интизор аст танҳо роҳат кун", - навиштааст Уайт.
Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Dana White (@danawhite)

Ёдовар мешавем, размикори доғистонӣ пас аз муҳорибаи 29 - уми худ бо Ҷастин Гетҷи аз анҷоми фаъолияти варзишии худ хабар дод.
Қаҳрамони UFC пас аз анҷоми муҳориба, ки бо пирӯзии ӯ хотима ёфт, гуфт, барояш бидуни падар, ки ҳамзамон мураббияш низ буд, муҳориба кардан мушкил аст. Аз ҷониби дигар, модари ӯ низ муқобили иштироки ӯ дар набардҳои минбаъда аст.
Ҳабиб гуфт, ки ба футбол мепайвандад - видео
Аммо, бисёриҳо бар ин назар буданд, ки Ҳабиб ҳатман бармегардад ва муҳорибаи 30 - юм, ки шояд охирон набард дар фаъолияти варзишии ӯ шавад, анҷом медиҳад. 
Ҳабиб, ки дар фаъолияти варзишии худ дар 29 муҳориба иштирок кард, боре ҳам мағлуб нашуд ва карераи худро акнун бидуни мағлуб шудан ҷамъбаст кард.
Яке аз муҳорибаҳои ҳангомадори ӯ бо размикори ирландӣ Конор Макгрегор буд, ки Ҳабиб ӯро бо усули буғӣ кардан мағлуб намуд.
Лентаи хабарҳо
0