Эълони ҳукми Аҳтамов, ки аз хизмат саркашӣ кард: эҳтимоли ду соли зиндон

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузаштан ба хазинаи аксСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Бо ҳукми суди шаҳри Бохтар, Аҳтамов Сайфиддин тибқи моддаи 343 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Прокуратураи шаҳри Кӯлоб ҳукми сокини деҳаи Гултеппаро эълон кард, ки аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сарпечӣ кардааст.
Ба иттилои котиботи Прокуратураи ин шаҳр, Аҳтамов Сайфиддин соли гузашта дар асоси даъватнома ба комиссарияти ҳарбӣ ҳозир нашуд.
Коршинос гуфт, чаро бештари ҷавонони тоҷик майли аскарӣ надоранд: роҳи ҳалро нишон дод
Гуфта мешавад, номбурда бояд 27 ва 28 августи соли 2020 дар асоси даъватномае, ки уҳдадор буд барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба комиссарияти ҳарбӣ ташриф орад, наомад.
"Аҳтамов бе ягон асос дар рӯзи муқарраршуда ба комиссарият ҳозир нашуд ва бо ҳамин роҳ аз сафарбар шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сарпечӣ кард", - омадааст дар манбаъ.
Ҳамин тариқ бо ҳукми суди шаҳри Кӯлоб, Аҳтамов бо моддаи 343 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шудааст.
Тибқи ин модда, номбурда бояд ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда  ва ё ба муддати 2 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала