Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ҷавони 22 - сола манзилашро ба фоҳишахона табдил дод: дар як рӯз 600 сомонӣ гирифт

CC0 / Pixabay / Free-Photos / Кровать, архивное фото
Кровать, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Дар Душанбе боз аз фаъолияти фоҳишахонаи дигаре ҷилавгирӣ карда шуд. Ин навбат ҷавони 22 - сола боздошт шуд, ки манзили худро ба "ифлосхона" табдил додааст
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Кормандони милитсия сокини 22 - солаи Душанберо ба гумони ташкили фоҳишахона боздошт намудаанд.
Котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки манзили номбурда дар ноҳияи Шоҳмансур ҷойгир буда, ӯ аз ҳар як ҷуфте, ки аз хонааш истифода мекарданд, 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Зани 55 - сола дар Душанбе фоҳишахона ташкил намуда, аз муштариёни худ пул мегирифт
Манбаъ меафзояд, боздоштшуда танҳо дар як рӯз манзили худро ба навбат дар ихтиёри се ҷуфт гузошта, дар умум 600 сомонии муфтро ба даст овардааст.
Дар ду ҳолат муштариёни ӯ сокинони пойтахт буда, ду ҷуфти дигари охирон, марди 29 - сола аз шаҳри Ваҳдат ва зани 31 - сола аз Душанбе буданд, ки бар ивази маблағ аз манзили номбурда истифода намуданд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Чанд рӯз пеш, зани 55 - сола низ дар Душанбе боздошт шуд, ки манзили худро ба фоҳишахона табдил дода, то 200 сомонӣ аз муштариён талаб мекард.
Ёдовар мешавем, ки тибқи тағйиру илова ба Кодекси оила, шахсоне, ки ба ташкил ё нигаҳдории фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала