Сабаби лахтшавии хун аз ваксинаи AstraZeneca маълум шуд

© REUTERS / LEE SMITHВакцина от коронавируса
Вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Олимони олмонӣ дақиқ намуданд, ки чаро одамон бар асари гирифтани эм аз ваксини AstraZeneca фавт мекуннад
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Мутахассисони Олмон сабаби лахташавии хун ва маргу мири одамон, бар асари гирифтани эм аз ваксинаи AstraZeneca - ро дақиқ намуданд, хабар медиҳад NDR TV.
Ин тадқиқотро кормандони Донишгоҳи Грейфсвалд гузаронидаанд. Бо сабаби афзоиши ҳодисаҳои лахташавии хун пас аз истифодаи AstraZeneca, онҳо бо Институти Пол Эрлих, ки ҳамчун танзимгари дорусозии Олмон хидмат мекунад, тамос гирифтанд ва аз шаш беморе, ки таъсири манфӣ доштанд, намунаҳои хунро талаб карданд.
Дар ҷараёни кор, олимон муайян карданд, ки вақте ваксин ба организм ворид мешавад, он ба фаъолшавии тромбоситҳо мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи коршиносон, маҳз ин механизм, ки дар баъзе одамон пас аз гирифтани ваксинаи AstraZeneca оғоз меёбад, боиси пайдо шудани лахтаҳои хун дар мағзи сар мешавад.
Чунин тадқиқот ба олимон имкон дод, ки онҳо роҳи муассири табобатро дар сурати сар задани чунин мушкилӣ пайдо кунанд. Ва бояд доруҳоеро тавсия диҳанд, ки лахташавии хунро пешгирӣ мекунанд.
Вакцинация от коронавируса в Испании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Аврупо аз ваксинаи AstraZeneca, ки Тоҷикистон аллакай ворид кардааст, даст мекашад
Аммо, олимон мегӯяд, ба хотири чораи эҳтиётӣ, дору бар зидди тромбозро пешакӣ ба организм ворид кардан мумкин нест. Коршиносон қайд карданд, ки табобатро бо он танҳо пас аз ташаккули лахтаи хун бояд шурӯъ кард.
Маълум аст, ки натиҷаҳои кори олимони олмонӣ дар маҷаллаи бонуфузи тиббии Lancet нашр карда мешавад.
Қаблан, муҳаққиқон аз Норвегия, пас аз омӯзиши ҳолати се табибе, ки баъди эмгузаронӣ бо АstraZeneca бистарии беморхона шуданд, гуфта буданд, ки ин дору вокуниши қавии масуниятро ба вуҷуд меорад, ки дар натиҷаи камчинии лимфоситҳо ба лахташавии хун оварда мерасонад.
Ирландия низ аз ваксинаи AstraZeneca даст кашиданист
Ёдовар мешавем, ки қаблан, як қатор кишварҳо ба далели маргу мир ва пайдо шудани тромб аз истифодаи доруи AstraZeneca даст кашиданд. Ин тасмимро мақомоти Булғористон, Олмон, Дания, Ҷумҳурии Конго, Индонезия, Ирландия ва дигарон қабул кардаанд.
Аммо, баъзе иёлотҳо ният доранд, ки истифодаи ваксинаро аз 19 март барқарор кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала