Боздошти “дуохон”- и 72 – сола барои ҷинбарорӣ тариқи алоқаи шаҳвонӣ

© © SputnikЖенщина плачет, архивное фото
Женщина плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳабси як марди дуохони 72 – сола хабар додааст, ки бо баҳонаи дуохонӣ бо занони корафтода муносиботи шаҳвонӣ мекардааст
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Ба гузориши ВУД, боздоштшуда Абдуллоев Ғайбулло, сокини ноҳияи Шаҳристон, мебошад, ки баробари дуохонию динбарорӣ дар хонаи худ тариқи даъват дар хонаи корафтодагон низ ҷинбарорӣ мекардааст.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2020
Тафсилоти боздошти “Мулло-профессор” дар Ҳисор
Манбаъ таъкид кард, ки Абдуллоев маълумоти динӣ надорад ва маънои дуоҳои хондаашонро намедонад. Инчунин зикр шудааст, ки бо бархе аз мизоҷон бо истифода аз ҳиссияти динияшон муносиботи шаҳвонӣ анҷом медодааст. Ба иттилои ВУД, аъмоли ин мард баъди шикояти як зан зимни амалиёти оперативӣ ошкор шудаанд. Дар навори оперативӣ лаҳзаҳои бӯсобусии мард бо зане сабт шудаанд.
“Дар ҳамаи китобҳо зино ҳаром гуфта шудааст, ҳамон рӯз худамро дошта, натавонистам, сустӣ кардам, гуноҳ кардам. Худам ин гуноҳамро бахшида наметавонам”, - изҳор медорад Абдуллоев дар гузориши ВУД.
Шароити сабти навор ва назари бевоситаи айбдоршаванда дар бораи ин қазия феълан маълум нест.  
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати муттаҳам бар асоси моддаи 142 – Кодекси ҷиноӣ, парванда оғоз гардида, худи ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала