Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Мирзиёев ба муносибати Наврӯз 140 зиндониро афв кард

© Sputnik / Иван Руднев / Гузаштан ба хазинаи аксИсправительная колония, архивное фото
Исправительная колония, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Аз миёни 140 маҳбусе, ки ШавкатМирзиёев дар арафаи ҷашни Наврӯз афв намуд, 12 хориҷӣ ва 14 зиндоние қарор доранд, ки барои узвияти дар созмонҳои мамнӯъ ҳабс шуда буданд
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи ҷумъа, дар арафаи ҷашни миллии Наврӯз фармон дар бораи афви 140 нафареро, ки аз корҳояшон пушаймон шуда, роҳи ислоҳро пеш гирифтаанд, ба имзо расонид. Дар ин бора хабаргузории УзА иттилоъ додааст.
Манбаъ меафзояд, аз афвшудагон чор нафар пурра аз ҷазо раҳо ёфта, ба назди оила ва наздикони худ бармегарданд.
Афганские заключенные готовятся к освобождению из тюрьмы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2020
Ашраф Ғанӣ 2 ҳазор ҷангҷуёни Толибонро афв мекунад: 100 нафар аллакай озод шуданд
Ғайр аз ин, мӯҳлати ҷазо дар намуди маҳрумият аз озодӣ барои 59 нафар коҳиш дода шуд, 69 нафар  шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда шуданд ва барои ҳашт нафар, ҳукм ба ҷазои сабуктар иваз карда шуд.
Дар байни афвшудагон нӯҳ нафар аз 60-сола боло, 13 зан, 12 хориҷӣ, 14 нафар, ки дар фаъолияти созмонҳои мамнӯъ ширкат варзидаанд, қарор доранд.
Шавкат Мирзиёев бори аввал фармони афви маҳкумшудагонро моҳи декабри соли 2017 имзо кард. Аз он замон то ҳол дар Ӯзбекситон нисбати беш аз 4 ҳазор маҳбус қонуни афв татбиқ карда шуд.
Қаблан, ба муносибати 8 – уми март, 83 нафар зан аз зиндон раҳо шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала