Суҳбати Карзай: аз тарҳи ИМА то дӯстию душмании Покистон ва пешниҳоди Русия - видео

© Sputnik / P. MamaghaniБывший президент афганистана Хамид Карзай
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Обуна шудан
Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешини Афғонистон, дар ҳошияи ҳамоиши “сегонаи тавсеаёфта” дар Маскав бо Sputnik суҳбати ихтисосӣ анҷом дода, ба суолҳо дар мавриди тарҳи ИМА, дӯстию душмании Покистон, ҳукумати оянда ва пешниҳодҳои Русия посух дод
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Зохра Ишмухаметова.Дар пайи конфронси “сегонаи тавсеаёфта” дар Маскав, кишварҳои Русия, ИМА, Чин ва Покистон аз ҳаракати Толибон*, созмони мамнӯъ даъват карданд, ки ба хушунат хотима диҳад.
Дар бораи натиҷаҳои ин мулоқот, таъсири он ба тарҳи сулҳи Афғонистон, чаро изҳороти фиристодаи махсуси раисиҷумҳури Русия дар мавриди ташкили ҳукумати гузариш боиси интиқодҳо шуд, оё нақшаи ИМА таҳмилӣ нест ва Покистон дар роҳи сулҳи Афғонистон дӯст аст ё душман ба Sputnik раисиҷумҳури пешин, Ҳомид Карзай нақл кард.
Sputnik: Ба назари шумо, муҳимтарин дастовардҳои мулоқоти "сегонаи тавсеаёфта" бо ҳузури Толибон ва ҳайати Кобул кадомҳоянд?
Карзай: Муҳимтарин дастовард чанд то буд; Як дастовард ин буд, ки қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳамроҳ бо Покистон ва ду кишвари дигари дӯсти Афғонистон, Туркия ва Қатар дар ҳамоиш ширкат варзиданд. Ин маънои онро дорад, ки ҳамкорӣ дар Афғонистон барои кишварҳои бузург ва дӯстони Афғонистон заминаи муҳими сулҳ ва хайр аст.
Террористы в Афганистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Низомиёни амрикоӣ "Толибон" - и Қандаҳорро бомборон карданд
Муваффақияти дигар дар он буд, ки афғонҳо аз гӯшаҳои гуногун,  аз Шӯрои сулҳи Афғонистон то аъзои ҳаракати Толибон ба Маскав омада, байни худ ва бо ҷомеаи ҷаҳонӣ нишаста сӯҳбат карданд.  Дастоварди сеюм Эъломияи муштараки шарикон, эъломияи муштараки се давлати бузурги ҷаҳон бо Покистон буд, ки ба сулҳи Афғонистон таъкид намуд. Ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳои бузурги ҷаҳон дар мавриди зарурати сулҳи Афғонистон.  
Ҳамин тавр, бо ин се сабаби асосӣ, ҳамоиш хеле муҳим аст ва мо ба мардуми ва ҳукумати Русия ташаккур мегӯем, ки ин мулоқот ва нишастҳои қаблиро дар соли 2018, аз моҳи майи соли 2019 баргузор карданд. Вазири корҳои хориҷии Русия ҷаноби Лавров барои Афғонистони озод, Афғонистони мустақил ва сулҳ суханронӣ намуд. Ташаккури зиёд барои кумакатон.
Sputnik: Субҳ бо ҳайати Толибон мулоқот кардед, оё тафсилоти ин мулоқотро гуфтан метавонед?
Карзай: Дар байни мо як маҷлиси худмонӣ буд,  афғонҳо байни худ нишаста, дарди дил гуфтем.
Sputnik Оё шумо масъалаи ҳукумати ояндаи Афғонистонро ба миён гузоштед?
Карзай: Мо дар ин бора суҳбат накардем, танҳо орзуҳои ҳарду ҷониб барои сулҳи Афғонистонро гуфтем.
Sputnik: Ба фикри шумо чаро гуфтугӯҳои Доҳа ба бунбаст расиданд?
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Нашри китоби Зарёб дар Душанбе - тӯҳфаи Ато Муҳаммади Нур ба китобдӯстон
Карзай: Музокирот ба бунбаст нарасидааст, музокироти Доҳа идома дорад ва мулоқоти қарибулвуқӯъ дар Истанбул маънои қатъ кардани талошҳои Доҳаро не, балки тақвияти онҳоро дорад. Ва талошҳо ва ҳамкории ҳукумати Қатар идома дорад.
Sputnik: Шумо гуфтед, ки пешниҳоди ИМА метавонад раванди сулҳро дар Афғонистон суръат бахшад ва шумо ин нақшаро дастгирӣ кардед, чаро?
Карзай: Дар нақшаи ИМА нуқтаҳое мавҷуданд, ки ба нафъи Афғонистон ҳастанд, арзишҳоро таъкид мекунанд, ҳуқуқҳои инсон дар Афғонистонро таъкид мекунанд, Афғонистони мустақилро бо ҳукумати мустаҳкамтари марказӣ таъкид мекунанд ва ба конститутсияи амалкунандаи Афғонистон таъкид мекунанд ва раванди сулҳро таъкид мекунанд. Дар ин санад чизҳое ҳастанд, ки барои Афғонистон хубанд ва заминаи гуфтушунидҳои ҷиддии тарафҳои афғон дар бораи сулҳ дар кишвар аст. Албатта, мо тамоми санадро хуб намедонем. Мо фикр мекунем, ки қисматҳои муҳими ҳуҷҷат хубанд.
Sputnik: Оё шумо таъсиси ҳукумати давраи гузаришро, ки ба нақшаи ИМА дохил шудааст, дастгирӣ мекунед?
Карзай: Мо бояд барои сулҳи Афғонистон талош кунем, хоҳиши мардуми Афғонистон сулҳ аст. Агар Таҳрики Толибон бо омодагӣ бо ҳукумати кунунии Афғонистон ҳамроҳ шаваду ҳар чӣ шумо онро номед, таҳти роҳбарии ҳозираи доктор Соҳиб Ашраф Ғанӣ, мо аз ин бештар хурсандем, ки ин  зуд моро ба ҷое мерасонад, ки мехоҳем. Аммо агар Таҳрики Толибон чизи дигареро хосту  дар байни тарафҳо гуфтушунид карда шуд ва ҳарду ҷониб розӣ шуданд ва мардуми Афғонистон қабул карданд ва ин иродаи мардуми Афғонистон буд. Дар ҳар сурат, чизе, ки барои сулҳи Афғонистон ва иродаи миллии мардуми Афғонистон бошад,  мо бо ӯ ҳамфикрем.
Sputnik: Ҷаноби Карзай Соҳиб, чаро Иёлоти Муттаҳида нақшаи сулҳро барои ду ҷониби даргир пешниҳод кард, на ҳайатҳои музокиракунанда, ки шаш моҳ боз дар Доҳа кор мекунанд?
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Исламской Республики Афганистан Мухаммад Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Ҳамоиш бо иштироки 2 президент ва 14 вазири умури хориҷӣ дар Душанбе: барномаи ҷаласа
Карзай: Амрико як ҷанбаи муҳими масъала аст, як тарафи ҷанг дар Афғонистон аст, онҳо дар Афғонистон меҷанганд. Ҷониби дигар Покистон аст, аз ин рӯ Покистон дирӯз дар маҷлис буд ва акнун Иёлоти Муттаҳида сулҳ мехоҳад. Ҳамон тавре, ки мо барои амалиёти ҷангияшон, ба бомбаборон кардани хонаҳои мардуми афғон мухолифат мекардем, ба ҳамон андоза мо ҷонибдори талошҳои сулҳашонем. Маслиҳати мо ба Иёлоти Муттаҳида ин буд, ки агар онҳо воқеан сулҳро дар Афғонистон мехоҳанд, онҳо бояд бо давлатҳои бузурги ҷаҳон, ки ҳамсояи Афғонистон ҳастанд, дар ҳамкории воқеӣ кор баранд. Маҷлиси Маскав дирӯз ҳамкории кишварҳои бузург ва кишварҳои минтақа ва ҳамсоягони Афғонистонро намоиш дод ва мо аз ин хурсандем, бинобар ин мо онро дастгирӣ мекунем.
Sputnik: Ҳам Кобул, ҳам Толибон, ҳам мардуми Афғонистон тавре дирӯз вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар маросими ифтитоҳи музокирот гуфт, маҳз мардуми афғон бояд сарнавишти кишвари худро ҳал кунанд ва ҳеҷ кишвар ё ниҳоде наметавонад нақша гирад, ё пешниҳод кунад, ки он таҳмил карда шавад. Ба фикри шумо, ин пешниҳоди ИМА дахолат ба раванди сулҳ нест? Магар ин нақшаи таҳмилшуда нест? Зеро ин нақша дар Афғонистон низ мавриди интиқод қарор гирифтааст, дуруст аст?
Карзай: Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ҳузур дорад, акнун мехоҳад ба сулҳи Афғонистон кумак кунад, мо бояд ин вақтро истифода барем, то Иёлоти Муттаҳида ҷонибдори сулҳи Афғонистон бошад ва ба мо сулҳ орад. Вақте ки мо ба сулҳ ноил мешавем, табиист, ки мо бо як шаъну шараф ва соҳибихтиёрии миллӣ як Афғонистони мустақилро соҳиб мешавем ва суханони вазири корҳои хориҷӣ Лавровро дар ин робита комилан тасдиқ мекунем, ҳар як миллат бояд салоҳияти худро дошта бошад. Ин яке аз тафовути мо бо Иёлоти Муттаҳида буд. Аммо азбаски ҳоло онҳо сулҳро мехоҳанд ва онҳо овози сулҳро баланд карданд, мо шарикони онҳо дар талошҳои онҳо барои сулҳ ҳастем ва аз ин рӯ маҷлиси  дирӯза барои ҳамкории кишварҳои бузург ва минтақа ва сулҳи Афғонистон оғози хеле хуб аст.
Sputnik: Дар мусоҳиба бо Sputnik Афғонистон ҷаноби Кобулов, фиристодаи вижаи президенти Русия гуфт, ки як варианти хуб барои Афғонистон дар марҳилаи аввали мусолиҳа таъсиси ҳукумати эътилофии гузариш аст, аммо изҳороти ҷаноби Кобулов дар Афғонистон мавриди интиқоди шадид қарор гирифт, ҳатто гуфта шуд, ки мудохила ба умури Афғонистон ва раванди сулҳ аст. Пас аз ин эълом, ҷаноби Халилузод, намояндаи махсуси ИМА дар Афғонистон, бо чунин нақша вориди Кобул шуд, гарчанде ки ӯ расман дар ин бора изҳори назар накардааст, аммо аксарият онро дастгирӣ карданд. Ба фикри шумо, чаро як изҳорот ин қадар танқид шуд, аммо лоиҳа, ки дар он низ ҳамин пешниҳод шуда буд, дастгирӣ ёфт?
Карзай: Аслан, мо ҳама кишварҳое, ки дар масъалаи Афғонистон ширкат доранд, комилан дастгирӣ мекунем, кишварҳое, ки бо Афғонистон дӯстанд ва мехоҳанд ба сулҳи Афғонистон ба маънои томашон кумак кунанд. Ва алалхусус аз саъйи кишвари дӯсти мо Русия. Ба ин далел, чаҳор бор аз моҳи ноябри соли 2019 то дирӯз афғонҳо аз ақидаҳои мухталиф, дидгоҳҳои мухталифи давлатию ғайриҳукуматӣ ва Толибон ва мо ҳама дар Маскав омада нишастем. маънои тасдиқи кӯшишҳои Русияро дорад . Барои сулҳ дар Афғонистон ва фароҳам овардани муҳити бехатар барои истиқлолият ва соҳибихтиёрии миллии Афғонистон. Мо ин кӯшишро комилан эътироф ва қадр мекунем.
Sputnik:  Ба назари шумо, чаро суханони ҷаноби Кобулов дар мавриди ҳукумати эътилофиро танқид карданд ва  пешниҳоди ИМА, ки ҳамон идея буд, на?
Карзай: Кӣ изҳороти оқои Кобуловро интиқод кард?
Министр обороны РФ, генерал армии Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Шойгу аз ҳаракати террористон ба Афғонистон ва бозори гарми маводи мухаддир нигарон аст
Sputnik: Дар парлумон интиқод карданд ва гуфтанд, ки ин дахолат ба раванди сулҳи Афғонистон аст.
Карзай: Ҷаноби Кобулов барои беҳбудии Афғонистон саъйҳои зиёде ба харҷ додааст. Аз соли 2018 то имрӯз мо мебинем, ки ӯ пайваста барои сулҳи Афғонистон талош мекунад, сафарҳои ӯ ба кишварҳо ва тамосҳои ҷаноби Халилзод байни онҳо ва Намояндаи махсуси ИМА мустақим ва пурсамар буданд ва онҳо ин талошҳоро якҷоя анҷом доданд.Мо кӯшишҳои ҷаноби Кабуловро қадр мекунем ва натиҷаи хубро дирӯз дар эъломияи кишварҳои “Сегона” дидем.
Sputnik:  Аммо дар номаи оқои Энтони Блинкен омадааст, ки ҷонибҳои даргир бояд ин нақшаро ба зудӣ баррасӣ кунанд ва онро дар як конфронси байналмилалӣ дар Туркия дар моҳи апрел дар Истанбул ба поён расонанд. Ба фикри шумо, ин таҳвили иродаи дигар ба мардуми Афғонистон нахоҳад буд?
Карзай: Не, не, мо кори худро иҷро карда истодаем, мардуми Афғонистон кори худро мекунанд, яъне пешниҳоди Иёлоти Муттаҳида, ИМА соли 2001 бо кӯмак ва тасдиқи ҷомеаи байналмилалӣ ба Афғонистон омада буд, ҳама кишварҳо якҷоя буданд , акнун мо мебинем, ки ҳамкорӣ аз нав оғоз меёбад Далели он, ки Иёлоти Муттаҳида нақша дорад, маънои онро надорад, ки мо нақшаро қабул кардем ва кӯр-кӯрона қабул кардем, не. Мо ин нақшаро меомӯзем, мебинем, дигар кишварҳо нақша доранд, пешниҳодҳо доранд, ғояҳо доранд, мо манфиати миллии кишварамонро аз нигоҳи афғонии худ меомӯзем.
Sputnik: Дар яке аз сӯҳбатҳои шумо, дар як филми мустанад дар бораи Афғонистон гуфтед, ки дар сиёсати калон душмани доимӣ ё дӯсти доимӣ нест, ин аз вазъи кишвар, минтақа ва дунё вобаста аст. Ба назари шумо, дар шароити феълии Афғонистон Покистон дӯст аст ё душмани Афғонистон?
Карзай: Мо ҳеҷ гоҳ ҳамсояи худро кишвари душман намегӯем, чун бо ин кишвар муносибатҳои амиқ ва бузурги ҷамъиятӣ дорем дар тӯли даҳсолаҳо мардуми он бо оғӯшу меҳмоннавозӣ афғонҳоро қабул карданд.  Кишвар бародари мо, кишвар дӯсти мост Мо бо мардумаш муносибати хеле хуб дорем.
Мо аз амал ва сиёсати ҳукумати Покистон шикоят дорем ва кӯшиш мекунем, ки онро ислоҳ кунем. Халқи Афғонистон бо Покистон ва мардуми Покистон муносибатҳои беҳтарин дорад ва мо аз меҳмоннавозии бузурги мардуми Покистон ва сипосгузору миннатдорем. Аммо дар айни замон, маҳз амал ва сиёсати ҳукумати Покистон боиси ифротгароӣ шуд.
Sputnik: Масалан, дар бораи ифротгароӣ чӣ гуфтан мумкин аст?
Афганские силовики на месте происшествия после вооруженного нападения на университет в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
76 кушта ва захмӣ: инфиҷори террористӣ дар Ҳироти Афғонистон
Карзай: Масъалаи экстремизм ва зӯроварӣ, мо қаблан дар ин бора борҳо сӯҳбат карда будем, ба мо баргаштан ба он масъала лозим нест, аммо бо вуҷуди шикоятҳое, ки дорем, бо онҳо сӯҳбат мекунем. Дар ҳузури сафир Соҳиб Кобулов, сафир Халилзод ва намояндаи махсуси Туркия мо нишаста, бо бародаронамон сӯҳбат кардем, то ин масъала байни мо ва Покистон ҳал карда шавад ва мо мехоҳем муносибати хуб дошта бошем. Муносибатҳои хуб, устувор ва бародаронаи аз ифротгароӣ ва зӯроварӣ дур дошта бошем.  Мо ин пешниҳодро дорем ва умедворем, ки зудтар ба натиҷае мерасем.
Sputnik: Чунин назаре вуҷуд дорад, ки сулҳи Афғонистонро танҳо тавассути муколама бо Толибон ба даст овардан мумкин нест, зеро ин ҷанги таҳмилӣ аз ҷониби Покистон аст ва Покистон низ Толибонро дастгирӣ мекунад, оё шумо ин масъаларо бо Покистон баррасӣ кардед?
Карзай: Мо ҳама масъалаҳоро бо Покистон баррасӣ кардем, хуб аст, ки Покистон хеле бародарона, хеле мулоим аст ва дар суханрониаш хуб ҳарф мезанад. Мо мехоҳем ҷанги Афғонистон, ки воқеан ҷанги хориҷӣ аст, ҷанги манфиатҳои хориҷӣ, ки дар он афғонҳо қурбонӣ карда мешаванд. Мехоҳем аз ба сулҳ ҳам аз роҳи гуфтушунидҳои дохилиафғонӣ ва ҳам созиш байни кишварҳои калон созиш даст ёбем ва иншооллоҳ ба натиҷа ноил хоҳем шуд.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0