Тағйири номи деҳот дар Тоҷикобод

© Фото : Илья Буяновский Каменная изгородь аккуратно выложена вдоль горной дороги, архивное фото
Каменная изгородь аккуратно выложена вдоль горной дороги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди вакилони халқии ноҳияи Тоҷикободро барои тағйири номи бархе аз аз маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат деҳоти ба Мунавваршо Шогадоев ба деҳоти Зарафшон, деҳаи Келинбоки деҳаи Қалъаи Лаби Об  ба Сурхкуҳ иваз карда шуд.
Председатель Комитета по языку и терминологии Олимджон Мухаммаджонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Раиси Кумита сабаби тағйири номи қуллаҳо дар Помирро гуфт
Деҳаи Зарафшони деҳоти Мунваршо Шогадоев номи Шинг ва деҳаи Анвар Қаландарови деҳоти Лангари Шоҳ номи Анварободро гирифт.
Тағйироти мазкур барои тасвиб ба Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.
Қаблан бар асоси қарори Ҳукумат ва пешниҳоди вакилони Хатлон, дар ноҳияи Данғара номи деҳоти Оқсу ба Сафобахш, деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ ба Себистон ва Кангӣ ба Меҳргон иваз карда шуд.
Дар ноҳияи Фархор номи деҳоти Деҳқонариқ ба Деҳқонобод, номи деҳоти 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба Истиқлол, Ғайрат ба Хуросон, Ғалаба ба Хутан, Хуррамзамин ба Ориён иваз гардид.
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ номи деҳоти Узун ба Золи Зар, деҳоти Фрунзе ба Навоӣ, деҳаи Москва ба Зарзамин, Ҳосилот ба Обчакорон, деҳаи Киров ба Даштобод, Ташробод ба Сабзадашт мубаддал шуд. Дар ноҳияи Темурмалик маҳаллаи Совет номи Баҳманруд, деҳоти Лақай Кармишев номи деҳоти Кушктеппа, деҳоти Бобоюнус номи Чилчаҳ ва деҳоти Қаракамиш номи Ҳусайнободро гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала