Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Зино умрро кӯтоҳ мекунад? Шӯрои уламо мегӯяд, не

© Sputnik / Амир Исаев, STRПредседатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи умри инсон ва чӣ гуна аъмоли одам метавонанд боиси дарозӣ ё кӯтоҳии умраш шаванд, посух додааст
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Субҳон, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ҷумла дар мавриди таъсири зинокорӣ ба дарозии умри инсон суол кардааст.
Открытие мечетей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Санаи эҳтимолии оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд
“Оё Худованд умри инсонро муқаррар кардааст, ки чанд сол зиндагӣ мекунад? Агар муқаррар бошад, пас зино умрро чӣ гуна кӯтоҳ мекунад? Масалан, агар Худованд ба касе панҷоҳ сол умр дода бошад ва ӯ ба зино машғул шавад, умри ӯ кам мешавад ё ки панҷоҳ сол зиндагӣ мекунад?”, - суол кардааст Субҳон.
Шӯрои уламо посух додааст, ки Худо умри инсонро муқаррар кардааст ва он заррае каму зиёд намешавад. Ин ниҳод таъкид намудааст, ки зинокорӣ на ба дарозии умр балки ба хайру баракати ҳаёт таъсир дорад.
“Бародари азиз, Худованд андозаи умри ҳар инсонеро муқаррар кардааст, ки аз он заррае каму зиёд намешавад. Агар касе зино кунад, баракат аз умри ӯ меравад, яъне ба ҳамон андозаи муқарраршуда умр мебинад, вале зиндагияш саросар талх мегузарад, дар касбу кораш шикасту нокомӣ мебинад ва ҳосили умраш ба ҷуз гуноҳу маъсият на хайру некие мемонад, на аҷру савобе”, - посух дод Шӯрои уламои Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала