Байден ҳангоми савори ҳавопаймо шудан, чанд маротиба пешпо хӯрду афтид - навор

Обуна шудан
Кишвардори Амрико Ҷо Байден аснои баромадан бо зинапояҳои ҳавопаймо чанд маротиба пешпо хӯрду ғалтид. Дар ниҳоят ӯ савори ҳавопаймо шуд
Навори афтодану хестани кишвардори Амрико Ҷо Байден ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймо ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
Дар навор омадааст, ки президенти 78 - солаи Амрико ҳинни баромадан тариқи зинапояҳо чанд маротиба пешпо хӯрд ва фатид. Маротибаи сеюм Байден ба зону зад, вале бидуни кумаки касе бархост ва шимҳои худро тоза кард.
"Ҷаҳон ба ҳоли ИМА механдад" : ғазаби амрикоиҳо аз таҳқири Байден нисбати Путин
 Сипас ӯ кӯшиш кард, ки бо ҳар ду даст аз канори зинапоя қапида то дари ҳавопаймо барояд.
Пас аз нашри ин навор, Қасри сафед далели афтидани бархостани Байденро ба шамоли сахт рабт дод.
 
Лентаи хабарҳо
0