Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ҳиндустон 200 миллион воя ваксини "Спутник V " - ро истеҳсол мекунад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксШприц и ампула на фоне логотипа "Спутник V"
Шприц и ампула на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Шартномаи ҳамкории муштаракро Фонди мустақими сармоягузории Русия ва ширкати ҳиндии Stelis Biopharma ба тасвиб расонидаанд
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Ширкати Stelis Biopharma ва Фонди сармоягузориии мустақими Русия дар мавриди истеҳсоли 200 миллион воя ваксини "Спутник V" ба мувофиқа расиданд.
Бар хабари фонди мазкур, ин миқдор воя ваксин дар Ҳиндустон таҳия мешавад.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ният доранд, ки интиқоли доруи Русияро дар семоҳаи сеюми соли 2021 оғоз кунанд.
Мо бо хурсандӣ аз эълони ҳамкорӣ бо ширкати Stelis Biopharma, ки таъминоти зиёди ваксинаи "Спутник V" -ро таъмин мекунад, изҳор менамоем. Ваксинаи Русия самаранокии 91,6% -ро ташкил медиҳад ва яке аз доруҳои беҳтарини ҷаҳон бар зидди коронавирус мебошад.
Натиҷаҳои мусбии марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникии ваксинаи "Спутник V" -ро маҷаллаи илмии Lancet дар аввали моҳи феврал нашр кард. Ин маҷалла низ самаранокии ваксини сохти Русияро 91,6%  арзёбӣ кард.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳоло дар доираи механизми COVAX 192 000 вояи ваксини AstraZeneca - ро дастрас кард ва бояд дар ояндаи наздик 20 дарсади шаҳрвандонро эм кунад. Дар марҳилаи аввал кормандони тиб, пиронсолон ва беморони гепатиту қанд эм мегиранд.
Тоҷикистон ҳоло васини сохти Русияро дастрас накардааст ва далели нагирифтани ин ваксинро дар сабти ном накардани СҶБ аз он арзёбӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала