Навори заминҷунбии 7,2 - балла дар Ҷопон: хатари сунамӣ эълон шудааст

Обуна шудан
Ҷопонро заминҷунбии 7,2 балла такон додааст. Ларзиши заминро дар Токио низ эҳсос намуданд
Рӯзи шанбе, музофоти Мияги, ки дар қисмати шимолу - шарқии Ҷопон ҷойгир аст, заминҷунбии 7,2 - балла ларзонд. Ҳоло дар Ҷопон хатари ба вуқӯъ омадани сунамӣ эълон шудааст.
Зикр мегардад, ки макони заминҷунбӣ 60 километр дар қаҳри об мебошанд ва аз ин рӯ хатари ба миён омадани сунамӣ аз эҳтимол дур нест.
Ҳадс зада мешавад, ки дар сурати сар задани сунамӣ, баландии мавҷи об то 1 метр арзёбӣ мешавад
Зикр мегардад, ки ларзиши замин ҳатто дар Токио низ эҳсос гардидааст.
Ҳоло маълумот дар мавриди талафоти ҷонӣ ва хисори молӣ рӯйи даст нест.
Лентаи хабарҳо
0