Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Як миллион қарзи Наимҷони Саидалӣ ва зӯргӯияш нисбати писархонд: шарҳи овозхон – видео

CC0 / Pixabay / Maklay62 / Чемодан с деньгами, архивное фото
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Наимҷони Саидалӣ, овозхони шинохтаи тоҷик дар бораи як миллион сомонӣ қарздор шудан ва навори зӯргӯияш нисбати фарзандхонди худ суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Наимҷони Саидалӣ дар барномаи “Ногуфтаҳо” изҳор дошт, ки соли 2019 иштибоҳе карду 1 миллион сомонӣ қарздор шуд. Ӯ дар суҳбат бо Орзу Исо изҳор дошт, ки тайи ду сол бо талошҳо тавонист, аз ин вазъият барояду феълан ҳолаш хуб мебошад.
Афганская певица Сито Косими - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2020
Сито Қосимӣ: дар ҷое мусофир ҳам бошам, як маротиба намозамро мехонам
Овозхон нахост тафсилоти чӣ гуна қарздор шуданашро шарҳ диҳад, танҳо таъкид намуд, ки ин ба тиҷорат рабте надошту танҳо иштибоҳи ӯ буд, ки дигар такрор намешавад.
Наимҷон инчунин навори зӯргӯияш нисбати фарзандхонди худ Шердилро шарҳ додаст, ки ахиран пораи кӯтоҳе аз он дар интернет нашр шуда буд. Овозхон гуфт, Шердилро бо розигии модараш, ки дар Маскав аст, ба шогирдию фарзандхондӣ гирифтааст, то тарбият кунаду ҳунар омӯзонад. Наимҷон нақл кард, ки зимни як барнома дар ноҳияи Рӯдакӣ Шердилро диду сабт кард ва баъдан ба фарзандхонию тарбият гирифтааст. Писархондаш Шердили 14-сола феълан бо садою гиторнавозияш ба яке аз ситораҳои интернет табдил ёфтааст.  
Дар мавриди ҳолати зӯргӯияш нисбати писархонд, Наимҷони Саидалӣ гуфт, шабона дар пахшҳои мустақим сурудхонӣ мекунанд ва он рӯз дид, ки Шердил хоб дораду ба таъкидҳои ба такрораш, ки равад хоб кунад, гӯш надод. Овозхон афзуд, ки дар натиҷа садояшро баланд карду ӯро тела дод, то равад хоб кунад, аммо дар интернет порае аз он нашр гардиду овозхон мавриди маломати корбарон қарор гирифт.
Овозхон изҳор дошт, ки бо вуҷуди беш аз 4 соли оиладорияш худаш ҳанӯз фарзанддор нашудааст ва  Шердилро ба тарбияи худ гирифтааст, то ҳунар омӯзонад, калон шавад ва модарашро нигоҳ кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала