Орзуҳои беҳтарин таманно кард: паёми Наврузии Байден ба Раҳмон

© AFP 2021 / Patrick SemanskyДжо Байден выступает с речью во время своей инаугурации
Джо Байден выступает с речью во время своей инаугурации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Ҷо Байден дар паёми Наврӯзии худ қайд намуд, ки имсол Тоҷикистону Амрико 30 - солагии шарикӣ ва ҳамкориро ҷашн мегиранд
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Ба муносибати фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ, рӯзи 20 март, унвонии кишвардори Тоҷикистон аз ҷониби чандин роҳбарони давлатҳои хориҷӣ паёми табрикотӣ ирсол гардидааст.
Ба иттилои котиботи президенти Тоҷикистон, раисҷумҳури Амрико, Ҷо Байден номаи табрикотиро ба унвони Эмомалӣ Раҳмон фиристодааст.
Файзов аз расму русуми бадахшониҳо гуфта, ҳамагонро бо Наврӯз муборакбод кард
Дар номаи худ, Байден нахуст аз он ёдовар шуд, ки соли ҷорӣ Амрико ва Тоҷикистон 30 - солагии шарикӣ ва ҳамкориро ҷашн мегиранд.
Ҳамчунин, раисҷумҳур аз саҳми Тоҷикистон дар муқовимат бо терроризм, муборизаи бо пандемия ва ҳамчунин кӯшиши муҳайё намудани зиндагии созгор барои шаҳрвандони худ таъкид кард.
"Маъмурияти ман бесаброна хоҳони он аст, ки бо мамлакати Шумо барои ҳалли масъалаҳои амнияти умумӣ ва амиқтар намудани ҳамкорӣ дар соли оянда, аз ҷумла ҷиҳати дастгирии талошҳо баҳри сулҳи Афғонистон ҳамкорӣ кунад", - омадааст дар мактуби табрикотии Байден.
Кишвардори Амрико ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон орзуҳои беҳтарин таманно намудаст.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро ҳамчунин раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин низ бо Наврӯзи Аҷам таҳният гуфтаст.
Ҷинпин дар номаи муборакбодии худ таъкид намудааст, ки ба густариши муносибатҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти хосса медиҳад ва еӯшиш мекунад, ки якҷо бо кишаврдори Тоҷикистон бо саъйю талошҳои муштарак муносиботи байни кишварҳояро ба зинаҳои боз ҳам баландтар барорад.
Президент ба Эмомалӣ Раҳмон саломативу комёбӣ ва ба мардуми Тоҷикистон саодатмандӣ ва некӯаҳволӣ таманно намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала