Бархӯрди ду мошин дар роҳи Душанбе - Кӯлоб ба фавти мусофири 20 - сола анҷомид

© Sputnik / Павел ЛьвовДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбори нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 20 март - Sputnik. Бар асари бархӯрди ду автомашина дар роҳи мошингарди Душанбе - Кӯлоб як ҷавони 20 - сола ҷон аз даст дод, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, садамаи маргбор рӯзи 19 март, тахминан соати 11:30 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба вуҷуъ пайвастааст.
Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Садамаи мудҳиш: мошин дар роҳи Ёвон ба ҷарии 30-метрӣ чаппа шуд
Гуфта мешавад, ронандаи 21 - сола автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Саидов Кишваршоҳ, ки сокини пойтахт мебошад дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи автомашинаи худ набаромад.
"Ронанда ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", таҳти идораи Бойназаров Шералии 32 - сола, сокини ноҳияи Темурмалик бархӯрдааст", - омадааст дар хабар.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи бархӯрди ду автомашина, мусофири 20 - сола Ташрифов Муҳамад ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Ҳамчунин мусофири дигар, ки низ ҷароҳатҳои вазнин гирифта буд, дар беморхона бистарӣ аст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала