Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт! Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
Ирсоли такрорӣ
https://sputnik-tj.com/20210320/somoni-giriftani-shahodatnomai-ronanda-1033039645.html
То 5700 сомонӣ барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ бидуни хондан
То 5700 сомонӣ барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ бидуни хондан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар додааст, ки худро корманди БДА гуфта, ба ивази пул шаҳодатномаи ронандагӣ ваъда медодааст 20.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-20T18:48+0500
2021-03-20T18:48+0500
2021-03-20T18:53+0500
ҳамаи хабарҳо
рӯйдодҳо
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/102549/22/1025492233_9:0:1794:1009_1920x0_80_0_0_ed74318b5c7f9807aeb415214d855520.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд аз боздоштшуда Ашраф Мавлонов, сокини 37-солаи ноҳияи Деваштич ном бурдаанд, ки қаблан низ бо ин ҷурм ду маротиба суд шудааст.Ба иттилои манбаъ, Мавлонов худро корманди БДА гуфта, тайи моҳҳои январу феврали соли равон аз шаҳрвандон бо ҳар баҳона, аз ҷумла барои додани шаҳодатномаи ронандагӣ пул мегирифтааст.Шаҳрвандон барои гирифтани шаҳодатнома бидуни хондан аз 1870 то 5700 сомонӣ пул додаанд ва фиреб хӯрдаанд, гузориш дод ВУД. Манбаъ илова намуд, ки Мавлонов инчунин модари ҷавони ду фарзандро фиреб додааст, ки бо ваъдаи хонадоршавӣ ба боварияш даромада ҷавоҳироту пул ва ҳатто телефонашро гирифтааст.Мақомот мегӯянд, аз ҷумла бо баҳонаи он, ки телефони ҳамсари ояндаашро санҷад, ки киҳо зангаш мезананд, дастгоҳи мобилиро гирифта, аз худ намудааст.Ба иттилои мақомот, тайи ду моҳ даҳ ҳолати фиребкорияш ошкор шудаанд, аммо дар асл ин ҳолатҳо метавонанд зиёд бошанд.ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Назари бевоситаи худи айбдоршаванда дар бораи ин қазия маълум нест.
https://sputnik-tj.com/20200224/48-kushta-dar-rohi-Dushanbe-Chano-be-hujjuat-mast-va-telefon-dar-dast-1030766271.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/102549/22/1025492233_189:0:1794:1009_1920x0_80_0_0_21be78a5cb5874a1b9e5280ec4524893.jpg Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, рӯйдодҳо
То 5700 сомонӣ барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ бидуни хондан 18:48 20.03.2021 (Навсозишуда: 18:53 20.03.2021 ) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар додааст, ки худро корманди БДА гуфта, ба ивази пул шаҳодатномаи ронандагӣ ваъда медодааст
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд аз боздоштшуда Ашраф Мавлонов, сокини 37-солаи ноҳияи Деваштич ном бурдаанд, ки қаблан низ бо ин ҷурм ду маротиба суд шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Мавлонов худро корманди БДА гуфта, тайи моҳҳои январу феврали соли равон аз шаҳрвандон бо ҳар баҳона, аз ҷумла барои додани шаҳодатномаи ронандагӣ пул мегирифтааст.
Шаҳрвандон барои гирифтани шаҳодатнома бидуни хондан аз 1870 то 5700 сомонӣ пул додаанд ва фиреб хӯрдаанд, гузориш дод ВУД.
Манбаъ илова намуд, ки Мавлонов инчунин модари ҷавони ду фарзандро фиреб додааст, ки бо ваъдаи хонадоршавӣ ба боварияш даромада ҷавоҳироту пул ва ҳатто телефонашро гирифтааст.
Мақомот мегӯянд, аз ҷумла бо баҳонаи он, ки телефони ҳамсари ояндаашро санҷад, ки киҳо зангаш мезананд, дастгоҳи мобилиро гирифта, аз худ намудааст.
Ба иттилои мақомот, тайи ду моҳ даҳ ҳолати фиребкорияш ошкор шудаанд, аммо дар асл ин ҳолатҳо метавонанд зиёд бошанд.
ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Назари бевоситаи худи айбдоршаванда дар бораи ин қазия маълум нест.