Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Амрикоиҳо аз сафорати Русия барои изҳороти Байден узр пурсиданд

© Михаил Тургиев / Гузаштан ба хазинаи аксСафорати Русия дар Вашингтон
Сафорати Русия дар Вашингтон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2021
Қаблан, сарвари Иёлоти Муттаҳида ҳангоми посух ба суоле,  ки оё президенти Русияро "қотил" мешуморад, посухи мусбат дод. Путин дар посух, баҳамтои амрикоии худ саломатӣ таманно кард ва пешниҳоди тамос видеоӣ намуд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Амрикоиҳо ба сафорати Русия дар Вашингтон мактубҳо ирсол намуда, аз ҳукумати Русия барои изҳороти ахири Байден пӯзиш хостанд, гуфт роҳбари намояндагии дипломатӣ Анатолий Антонов.
Антонов дар робита ба қабули мактубҳо аз ҷониби амрикоҳо дар сафҳаи  Facebook- и худ чунин навишт:
"Ман мехоҳам ба шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида, ки ба сафорат барои дастгирии рушди муносибатҳои дӯстонаи байни Русия ва ИМА нома фиристодаанд, миннатдории амиқ баён кунам. Бисёриҳо ихтилофи худро изҳор карданд ва барои изҳороти бемавқеъи ахир узр пурсиданд”.
Антонов қайд кард, ки "мавқеи амрикоиҳо ба ӯ таъсир кард ва онҳо мефаҳманд, ки муколамаи байни давлатҳо бояд дар асоси эҳтиром ва баробарии тарафайн асос ёбад." Ин равиш нишон медиҳад, ки потенсиали ба эътидол овардани робитаҳои байни халқҳои Русия ва Амрико боқӣ мондааст, гуфт ӯ.
Байден чанд маротиба пешпо хӯрду афтид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Байден ҳангоми савори ҳавопаймо шудан, чанд маротиба пешпо хӯрду афтид - навор
Ёдовар мешавем, ки қаблан Ҷо Байден дар мусоҳиба бо ABC News гуфта буд, ки Владимир Путин барои дахолати эҳтимолӣ ба интихоботи Амрико бояд “ҷавоб” диҳад.
"Ҷаҳон ба ҳоли ИМА механдад" : ғазаби амрикоиҳо аз таҳқири Байден нисбати Путин
Илова бар ин ӯ ошкоро аз кишвардори Русия “қотил”" ном бурд.
Зимнан, дар посух ба иттиҳомоти Байден, Владимир Путин танҳо ба ӯ саломатӣ таманно кард ва пешниҳоди тамоси видеоӣ намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала