Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Байден иқрор шуд, ки ноиби президент Камала Харрис аз ӯ донотар аст

© AFP 2020 / ALEX WONGПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2021
Ҷо Байден чанд бораҳо иштибоҳан Камала Ҳаррисро раисҷумҳури Амрико хонда буд ва ин дафъа ӯро аз худаш донотар номид
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки ноиби президент Камала Ҳаррис аз ӯ зирактар ​​аст, хабар медиҳад РИА Новости.
Байден чанд маротиба пешпо хӯрду афтид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Байден ҳангоми савори ҳавопаймо шудан, чанд маротиба пешпо хӯрду афтид - навор
Байден Харрисро аснои муаррифӣ кардан ба кормандони Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Атланта, аз худ оқилтар арзёбӣ кард.
Президент дар сафар ба Ҷорҷия зимни суханронӣ гуфт, ки бояд нахуст суханро ба Ҳаррис медод, вале иштибоҳ кард.
"Ман набояд нахуст суханро ба ноиби худ медодам, зеро аз ман зирактар аст”, - таъкид намуда буд Байден.
Харрис бо шӯхӣ қайд кард, ки "дар ин ҷо дигар чизе илова кардан мумкин нест."
Амрикоиҳо аз сафорати Русия барои изҳороти Байден узр пурсиданд
Ёдовар мешавем, ки қаблан Ҷо Байден Камала Ҳаррисро на як бору ду бор Президенти Иёлоти Муттаҳида хонда буд.
Байден рӯзи 20 январ расман ба курсии раёсатҷумҳурии Амрико такя зад. Ноиби ӯ Камала Ҳаррис интихоб шуд ва номбурда нахустин зани сиёқпӯст мебошад, ки ба чунин вазифаи баландмақоми ҳукуматӣ роҳ ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала