Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ҳакимзодаву Раҳмонзода дар Кӯлоб чанд иншооти ҷашниро ифтитоҳ карданд

© © Sputnik / Амир ИсаевПриветственная арка перед въездом в город Куляб. архивное фото
Приветственная арка перед въездом в город Куляб. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2021
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Абдуҷаббор Раҳмонзода дар шаҳри Кӯлоб чанд иншооти ҷашниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чанд иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд.
Ба иттилои котиботи раиси вилояти Хатлон, дар рафти баҳрабардориии ин иншоотҳо раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва ҳамчунин Ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеа, Абдуҷаббор Раҳмонзода ширкат намуданд.
Абдуджаббор Рахмонов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Баъди норозигии сарвазир аз мансабдорони Кӯлоб: чӣ тағйир ёфт?
Манбаъ меафзояд, яке аз иншоотҳои ҷашнӣ, ин ифтитоҳи Маркази “Маърифат” аст, ки аз ҷониби оилаи Раҳмонзодаҳо бунёд гардид ва 13 нафар сокинони деҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Бинои маркази мазкур аз ду ошёна иборат  буда, аз  синфхонаи компютерӣ, Маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, китобхона, мағозаи хӯрокворӣ ва кошонаи ҳусниборат аст.
Дар рафти чорабинии мазкур дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб парда аз рӯйи лавҳаи фахрӣ ба ифтихори профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз бардошта шуд.
Ҳамчунин, дар шафати бинои Маркази “Маърифат” аз тарафи соҳибкори ҳамин деҳа Абдушукур Ширинов бинои дуошёнаи Маркази дӯзандагӣ бо ҷалби 15 нафар чирадастони маҳаллӣ ва дукони фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ сохта шудааст, ифтитоҳ карда шуд.
Ҳакимзода аз номи Президент як модари ниёзмандро табрик намуда, ба ӯ хона тақдим кард
Бо иштироки раиси вилоят дар ҳудуди ҶСК “Суғдиён”-и шаҳри Кӯлоб  сехи истеҳсоли макарон бо иқтидори 3-3,5 тонна дар як шабонарӯз бо ҷалби 9 нафар корманди доимӣ аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала