“Духтаракони Воронеж” дар Душанбе суруди Ҷонибек Муродовро хонданд - видео

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевАнсамбль народного танца "Воронежские девчата"
Ансамбль народного танца Воронежские девчата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Рӯзи 22 март дар шаҳри Душанбе консерти гурӯҳи овозадори “Духтаракони Воронеж” - и Русия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Иван Иванов, сарпарасти Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе, дар расми ифтитоҳи консерт гуфт, ҳунарнамоии дастаи ҳунарии маъруф - “Духтаракони Воронеж” аввалин чорабиниест, ки ба "Пойтахти фарҳангии ИДМ - 2021" эълон шудани Душанбе бастагӣ дорад.
Шабнами Сурайё дар толори консертии Россия. Дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2016
Шабнами Сурайё: мехоҳам бо Алла Пугачева суруд хонам
"Ин як иқдоми бадеҳӣ буд ва даста ҳоло дар Тоҷикистон аст. Мо ҳоло як барномаи тамомайёри онро мебинем. Дар гузашта мегуфтанд “дӯстии халқҳо”. Ҳоло як омехтаи ҷолибе пеш омадааст: мо ин ҷо дар Тоҷикистон иди Наврӯз дорем ва ҳам дар ин ид як дастаи ҳунарии комилан русӣ, ки таронаҳои мардумӣ иҷро мекунад”, - гуфт Иван Иванов.
Як рӯзи қабл, 21 март, дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ зимни як маросим бо ширкати намояндагони ҳукумат ва сафоратҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаркулманофеъ (ИДМ) ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва ҳамзамон шаҳрдори Душанбе сертификати "Душанбе-пойтахти фарҳангии ИДМ-2021"-ро супорида шуд.
"Духтарони Воронеж" яке аз дастаҳои ҳунарии маъруфи Русия буда, дар иҷрои оҳангҳои халқии рус шуҳрат дорад. Он ҳанӯз соли 1966 таъсис ёфта, дар ин миён соҳиби даҳҳо унвону мукофот ва ҷоизаи байнулмилалӣ шудааст.
Ин дастаи ҳунарӣ, ки дар толори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекард, як қатор таронаҳои маъруфи русӣ, назири "Дарёи Волга равон аст", "Калинка", "Абрӯсиёҳу чашмсиёҳ" ва ғайраро бо рақсҳои ҷаззобу диданӣ иҷро кард.
Концерт Манижи в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Change.org талаби маҳрум кардани Манижаро аз ҳуқуқи ширкат дар "Евровидение" нашр кард
Як таронаи тоҷикиеро, ки аз хонданиҳои овозхони тоҷик Ҷонибек Муродов мебошад ба унвони "Эй дӯстон!", ин гуруҳ тайи ҳамин як рӯзи ахир омода кардааст, ки аз сӯи ҳозирини толор ба кафкӯбиҳои мудаввом истиқбол шуд.
Анна Ковригина, раҳбари ин даста, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, онҳо се рӯз ба ин сӯ дар Тоҷикистон ҳузур доранд ва як барнома дар расми ифтитоҳи "Душанбе - пойтахти фарҳангии ИДМ - 2021" - у барномаи дигар барои пойгоҳи низомии 201 - и Русия дар Тоҷикистон иҷро кардаанд.
"Дар замони Шӯравӣ ман борҳо ба Тоҷикистон омадаам. Бори охир соли 1986 буд. Ҳоло мебинам, ки Душанбе ба дараҷаи ношинохтанӣ дигару зеботар шудааст. Дар Қалъаи Ҳисор будем. Дар Кохи Наврӯз – ҳаштум муъҷизаи олам - будем. Мо як дарёеро аз таассурот бо худ мебарем. Умедворем, ки ин пандемия зудтар ба анҷом мерасад ва мо бештар ба дидори ҳамдигар мерасем", - гуфт Анна Ковригина.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала