Муҳриддин бо ҳамтои афғонаш сафари Ашраф Ғаниро ба Тоҷикистон баррасӣ кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Афғонистон масъалаи сафари қарибулвуқӯи Ашраф Ғаниро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамтои афғони худ масъалаи сафари қарибулвуқӯи кишвардори Афғонистон ба Тоҷикистонро баррасӣ кард.
Эмомали Рахмон и Мухаммад Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Раҳмон ва Ғанӣ дар Душанбе чиро баррасӣ хоҳанд кард?
Ба иттилои котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, вазирони ду кишвар масъалаи сафари Ашраф Ғаниро зимни як тамоси телефонӣ, ки бо пешниҳоди ҷониби Афғонистон сурат гирифт, муҳокима намуданд.
Гуфта мешавад, вазири тоҷик бо ҳамтои худ Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар баробари масъалаи сафари раисҷумҳури Афғонистон, инчунин ҳамкории минтақавӣ дар раванди истиқрори сулҳ ва субот дар он кишварро низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Масъалаи энергетика ва нақлиёт аз мавзӯъҳои дигаре буданд, ки зимни сӯҳбати телефонӣ дар доираи онҳо табодули назар сурат гирифт.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ: аз сулҳу амният то марзу тиҷорат
Ёдовар мешавем, Ашраф Ғанӣ кишвардори Афғонистон бояд дар маросими ифтитоҳи Конфронси нуҳуми вазирони "Қалби Осиё - Раванди Истанбул", ки дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат варзад.
Баргузории ин конфронс ба рӯзи 30 марти соли ҷорӣ рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала