Пирӯзии додарзодаи Расул Боқиев дар мусобиқаи гуштин: соҳиби автомашина шуд

Обуна шудан
Абубакр, Мирзоҷамил, Ҷаҳонгир ва Темур аз ғолибони мусобиқаи гуштингирӣ дар Душанбе мебошанд. Темур Раҳимов дар баробари соҳиби мошин шудан, инчунин ҷоми "Пойтахт - 2021" - ро аз худ кард
ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Яке аз ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштингирӣ, ки дар Наврӯзгоҳи Душанбе рӯзи гузашта баргузор шуд, додарзодаи қаҳрамон Расул Боқиев мебошад.
Абубакр Боқиев, ки дар вазни 65 кило вориди майдони рақобат шуд, ҳарифи худ Алиҷони Сафаралиро мағлуб кард ва соҳиби автомашина гардид.
Кубок столицы по борьбе гуштингири - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2021
Соҳибони 4 мошини сабукрав ва Ҷоми "Пойтахт - 2021" имрӯз маълум мешаванд
Зимнан, дар вазни 75 кило Мирзоҷамил Рамазонов ба даври финалӣ роҳ ёфт ва охирин рақибаш - Амонулло Азимовро шикаст дода, автомашинаи "Карола" - ро аз худ кард.
Ҷаҳонгир Маҷидов варзишгари дигари тоҷик дар вазни 90 кило баромад кард ва ҳарифи ниҳоии худро Ҳамроз Раҷабовро шикаст дод ва соҳиби мошини "Тайота Аввалона" шуд.
Ва дар ниҳоят ҷавонпаҳлавон Темур Раҳимов, ки ҳамаи рақибони худро шикаст дода, соҳиби автомашина шуд, инчунин ҷоми "Пойтахт - 2021" - ро низ аз худ кард.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 20-21 марти соли равон  бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ "Гӯштингирӣ" барои дарёфти Ҷоми "Пойтахт-2021" баргузор гардид.
Суманак, рақсу гуштин ва таомҳои миллӣ: Наврӯзи тоҷикон дар Маскав
Дар мусобиқаи мазкур қариб 130 варзишгар аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба ҳам омада, дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0