Раиси Хатлон барои шунидани арзи мардум рафт: сокинон чӣ хостанд?

© Госкомитет по земельному управлению РТХакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, дар ноҳияи Ёвон қабули сайёри сокинонро баргузор намуда, арзу муроҷиати шаҳрвандонро шунид
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, Ҳакимзода зимни боздид аз ноҳияи Ёвон дар баробари суҳбат аз анҷоми сохтмони иншоот баъхшида ба муҳимтарин ҷашн – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, инчунин арзи сокинонро шунид.
Панорама города Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2021
Вокуниш мақомоти Хуҷанд ба корбарони Фейсбук роҷеъ ба сохтмони иншоот дар микроноҳияи 19
Манбаъ мегӯяд, аз ҷумла Равшан Абдурасулов, раиси маҳаллаи Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои деҳаҳои навбунёд муроҷиат кардааст.
Хайриниссо Шарипова, муовини раиси Ҷамоати деҳоти "Обшорон" дар мавриди ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бинои Ҷамоат ва набудани боғчаи бачагона арз кардааст.
Бобоев Бозор, вакили маҳаллаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов оид ба сохтмони мактаб барои 240 хонанда дархост додааст.
Котибот мегӯяд, инчунин дигар сокинони маҳаллӣ дар бораи ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҷудо намудани замин барои бунёди варзишгоҳ, бунёди маркази ҷавонон, барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ, оид ба эрозияи заминҳои ҷамоат, шинонидани қубур аз таги канали Парчасой ва роҳи мошингузар барои сел, оид ба норасоии оби нӯшокӣ ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуданд.
Манбаъ афзуд, ки Қурбон Ҳакимзода дар пайи шунидани арзи сокинон ба масъулони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои матраҳшуда дастурҳои мушаххас дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала