Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Роҳи падар: Ҳабиб мураббии размикори амрикоӣ мешавад

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузаштан ба хазинаи аксПресс-конференция чемпиона UFC Х. Нурмагомедова
Пресс-конференция чемпиона UFC Х. Нурмагомедова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Чанде пеш президенти UFC Дана Уайт расман эълон кард, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов куллан тарки UFC кард ва ҳоло бонишаста аст
ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Собиқ қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов мехоҳад мураббӣ шавад. Аллакай исми рамзикоре, ки Ҳабиб ӯро тамрин медиҳад, маълум шудааст.
Манобеи TMZ менависад, Ҳабиб Нурмуҳаммадов мураббии размикори амрикоӣ Люк Рокхолд мешавад. Рок Холд замоне қаҳрамони UFC дар вазни сабук буд. Худи размикор низ ин хабарро таъйид намуда гуфтааст:
Хабиб Нурмагомедов - Дастин Пуарье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
Қаҳрамон рафт: аксҳо аз муҳорибаҳои бидуни бохт ва хотирмони Ҳабиб Нурмуҳаммадов
"Ҳабиб ният дорад, роҳи падарашро идома диҳад. Ӯ бисёр мехоҳад, маро боз ба октагон баргардонад ва яке аз беҳтарин мураббиёни ҷаҳон шавад".
Ёдовар мешавем, Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз муҳорибаи ахири худ эълон кард, ки ба корбурди варзишии худ нуқта мегузорад.
Рӯзи гузашта собиқ қаҳрамон дар мусоҳиба бо ESPN гуфт, "шояд мардум маро намефаҳманд, аммо ман ҳис мекунам, ки бояд равам.
"Ман ҳис мекунам, ки бояд бас кунам, зеро ҳар набарди ман аз модарам чанд соли умрашро мегирад”.
Ҳабиб гуфт, мардум бояд ӯро фаҳманд, зеро ҳар як муҳориба модарашро пир мекунад
Ба таъкиди Ҳабиб, чун дар ин намуди варзиш аллакай қаҳрамон шуд ва ба нуқтаи баландтарин расид, барояш минбаъд идома додани муҳорибаҳо барои ӯ беаҳамият шуданд.
"Боз барои чӣ идома бояд диҳам? Барои пул?. Аммо ба ман пул лозим нест", - шарҳ додааст Ҳабиб Нурмуҳаммадов.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала