Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ҷанги филҳо ҳангоми намоиши сирк, тамошобинонро гурезонд - навор

© Flickr / Paula LivelyСлон в цирке. Архивное фото
Слон в цирке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Ҳодисаи мазкур, аснои намоиши рӯзонаи сирк рух дод ва тамошобинон тавонистанд бидуни ягон осеб, толорро тарк кунанд
ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Ташкилкунандагони барномаи фароғатӣ дар сирки Қазон маҷбур шуданд, ки намоишро ба рӯзи дигар гузоранд, зеро ҷанги филҳо дар майдони сирк тамошобинонро гурезонд.
Бар тибқи наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, аснои намоиш як фил ба ҳамроҳи худ дарафтод ва ӯро зуд аз пой афтонд. Тамошобиноне, ки дар қатори аввал нишаста буданд, пас аз сар задани муноқишаи филҳо, толорро  фавран тарк карданд.
"Ҳангоми намоиш як фил дигареро зада афтонд, вале мураббиён зуд онҳоро аз ҳам ҷудо карданд ва касе дар ин ҳодиса осеб надид", - менависад РИА Новости бо истинод ба намояндаи сирк.
Тавре баъдтар маъмурияти сирк хабар дод, намоиш "бо сабабҳои техникӣ" лағв карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала