Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Зани 42 - сола, ки дар Хуҷанд шавҳарашро корд зад, боздошт шуд

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як зан дар шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки дар расонидани зарари вазнин ба саломатӣ муттаҳам дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Зани 42 - сола дар шаҳри Хуҷанд ҳамсарашро корд зад, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 18 март, дар заминаи муноқишаи оилавӣ рух додааст.
Султонов Мирзомалик арестован за убийство жены - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Мирзомалик ҳамсарашро кушту худашро корд зад: қатли бераҳмонаи Гулнигор дар Ҷайҳун
"Нисфирӯзии 18 март, зани 42 - сола дар ҳуҷраи истиқоматияш бо ҳамсари 40 - сола муноқиша намуда, бо корд 1 маротиба ба қафаси синаи шавҳараш задааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуд. 
Зимнан, ташхиси судӣ - тиббӣ муайян намуд, ки ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ арзёбӣ мешавад.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан гумонбаршаванда боздошт гардида, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала