Абдуллоҳи Раҳнамо "Сиёсатшиноси соли 2020" эълон шуд

Абдулло Рахнамо
Абдулло Рахнамо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос ва ходими илмию ҷамъиятии Тоҷикистон, "Сиёсатшиноси соли 2020" эълон шуд
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Ин ҷоиза ба Абдуллоҳи Раҳнамо аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон дар остонаи Наврӯз дода шудааст.
Раиси ин ассотсиатсия профессор Сайфулло Сафаров дар маросими супоридани диплом ва ҷоизаи мазкур, ки дар доираи мизи мудаввари "Дидгоҳи давлатмеҳвар ва масъалаҳои таҳкими истиқлоли давлатӣ" дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон доир шуд, эълон кард, ки унвони "Сиёсатшиноси сол" минбаъд ба беҳтарин мутахассисон ва таҳлилгарони соҳаи сиёсатшиносии кишвар дода мешавад.
Абдулло Рахнамо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2020
Мудири шуъба: вазифаи нави Абдуллоҳи Раҳнамо
Ӯ гуфт, ин унвон ба нафаре дода мешавад, ки дар самти сиёсатшиносии назариявӣ ё амалӣ ба дастовардҳои махсусан мущим ва муфид ноил гаштаанд.
Ба гуфти Cафаров, ин анҷуман осори чопшудаи сиёсатшиносони Тоҷикистонро дар фосилаи "аз Наврўз то Наврўз" мавриди омӯзиш қарор дода, ҳар сол дар остонаи соли нави аҷдодӣ барандаи ин ҷоизаро эълон менамояд.
Дар қарори дахлдори Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони кишвар зикр шудааст, ки Абдуллоҳи Раҳнамо дар як соли гузашта ҳам дар самти сиёсташиносии назариявӣ ва ҳам дар соҳаи сиёсатшиносии амалӣ яке аз фаъолтарин олимони тоҷик буда, бо осору афкори худ дар ташаккули муҳити фикрии ҷомеа нақшу таъсири хоссае доштааст.
Дар канори як силсила мақолаҳои бунёдии таҳлилии ӯ дар сиёсташиносии амалӣ, китоби назариявии ӯ бо номи "Дидгоҳи давлатмеҳвар" яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсатшиносии кишвар дар соли аҷдодии гузашта ба ҳисоб меравад.
Аз созишномаи сулҳу тақсими қудрат то басташавии ҲНИТ: суҳбат бо Абдуллоҳи Раҳнамо
Абдуллоҳи Раҳнамо, ки аз оғози соли 2021 мудири бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст, яке аз сиёсатшиносони собиқадори кишвар ба ҳисоб меравад.
Ӯ муаллифи беш 20 китоби илмию таҳлилию оммавӣ мебошад.
Осори ӯ аз ҷумла китобҳои эътирофгаштае чун "Муқаддимае бар тафаккури давлатӣ" (2012), "Хатари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ дар чист?" (2015), "Эмомалӣ Раҳмон–Пешвои миллат: ҷанбаҳои назарӣ ва амалии мавзӯъ" (2016), "Мавқеи ҳизбӣ ва мавқеи миллӣ" (2016), "Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ" (2008), "Уламои исломӣ дар Тоҷикистон" (2009), "Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон" (2010), "Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ" (2015) ва ҳамчунин, муаллифи беш аз 100 мақолаи илмию таҳлилӣ дар масъалаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала