Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Қатли 8 осиёӣ дар истироҳатгоҳи Амрико мардумро ба эътироз хезонд - навор

Қотили ин 8 нафар аллакай дастгир шудааст ва ҳарчанд ӯ исрор намуд, ки на ба хотири нафрати нажодӣ содир кард, вале ҳазорҳо нафар ба хотири дастгирӣ аз мардумони осиётабор даст ба эътироз шуданд
Дар Амрико мавҷи нави эътирозҳо бархост. Садҳо эътирозгар дар охири ҳафтаи равон дар Амрико зидди хушунат алайҳи одамони миллаташон Осиё баромад карданд. Сабаб ин фоҷиа дар як истироҳатгоҳ дар моҳи март боис шуд.
Акции протеста против правительственных ограничений из-за коронавируса в Касселе, Германия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2021
Дар Олмон ҳазорҳо нафар барои нигаронӣ аз маҳдудиятҳои нав, даст ба эътироз шуданд - акс
Ҷавоне дар се толори маҳс дар канори Атланта одамонро парронд. Ҳашт нафар, аз ҷумла шаш зани осиёӣ кушта шуданд, ки чаҳор нафари онҳо зодаи Кореяи Ҷанубӣ буданд.
Гумонбар боздошт шуд ва тибқи маълумоти пешакии полис, ӯ ба куштор иқрор шудааст. Ӯро дар роҳ ба сӯи Флорида боздошт карданд. Аснои бозпурсӣ ӯ инкор кард, ки сабаби асосии даст задан ба ин кор нафрати нажодӣ аст.
Бо вуҷуди ин, эътирозгарон маҳз бо шиорҳои зидди нажодпарастӣ ба кӯчаҳои шаҳрҳои Амрико баромаданд. Онҳо талаб карданд, ки нафрати нажодӣ қатъ карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала