Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

"Байденро ҳам бояд даъват мекардед": бритониҳоро истироҳати Путин дар ҷангал мафтун кард

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин во время прогулки в тайге
Президент РФ Владимир Путин во время прогулки в тайге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Истироҳати президенти Русия Владимир Путин дар ҷангалҳои Сибир Бритониёро ба ҳаяҷон овард: онҳо мафтуни раҳбари Русия шудаву сарвари Кохи Сафед Ҷо Байденро масхара кардаанд
ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Мавод оид ба таътили президенти Русия Владимир Путин дар нашрияи бритониёвии Daily Mail миёни хонандагони худ сарусадои зиёдеро ба бор овард.
Таътили шадиди Сибирӣ: Президенти Русия ва вазири мудофиа ба тайга рафтанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Истироҳати Владимир Путин ва Сергей Шойгу дар ҷангалҳои сарди Сибир - навор
Ёдовар мешавем, ки раҳбари Русия охири ҳафта дар ҷангалҳои Сибир бо ширкати вазири дифоъ Сергей Шойгу истироҳат кард.
Онҳо  ҷангалҳои ин минтақаро бо мошинҳои пуриқтидор тай намуда, аз корхонаи Шойгу, ки дар он дарахтони хушкро коркард мекунад, нигаристанд.
Бритониёҳо байни худ талош карданд, ки дар бораи таътили Путин изҳори назар кунанд. Шарҳнависон ба ду урдугоҳ тақсим шуданд: баъзеҳо раҳбари Русияро таъриф намудаву ӯро барои машғулияти фаъолаш ситоиш мекарданд. Дигарон муколамаҳои сиёсии ахири Путин бо президенти ИМА Ҷо Байденро ба ёд оварда, фурсатро барои масхара кардан ба охирон аз даст надоданд.
"Баъзеҳо инро кӯшиши эҷоди симои раҳбари солим ва қавӣ, ки вақтро дар ҳавои тоза мегузаронад, меноманд, аммо ман фикр мекунам, ки вай воқеан чунин сарвар аст", - қайд кард шореҳ.
Корбари дигар бо номи Nothankuu бо эътироф навиштааст, ки "Ман Путинро дӯст намедорам, аммо ӯро эҳтиром мекунам. Ӯ тарсончак нест. Ҳоло Амрико далерӣ надорад. Вақти ғамангез барои ҳаёт расидааст".
Ҳамзамон, баъзе шореҳон изҳороти шадиди президенти ИМА Ҷо Байденро алайҳи Путин ба ёд оварданд, ки дар пайи он раҳбари Русия ҳамтои амрикоияшро ба гуфтугӯи мустақим даъват кард, аммо ӯ аз посух додан сарпечӣ кард.
"Онҳо бояд Байденро даъват мекарданд", - бо шӯхӣ навиштааст Swiss fondue.
Байден ҳангоми савори ҳавопаймо шудан, чанд маротиба пешпо хӯрду афтид - навор
Баъзе хонандагон ёдовар шуданд, ки чӣ гуна Байден ҳангоми баромадан ба ҳавопаймо чанд бор пешпо хӯрду афтид. Ин наворҳо дар тамоми ВАО-и ҷаҳон паҳн шудаанд.
"Ҳангоме ки Путин ин корро мекунад (истироҳат дар ҷангалзорҳо- таҳ), ба истилоҳ пешвои ҷаҳони озод аз зинаҳо баромада наметавонад ва чандин маротиба рӯ ба замин меафтад", - қайд кард SilverIce.
"Дар ҳамин ҳол, Байден бо ниқоби муҳофизатӣ тариқи Зум аз таҳхонаи Кохи Сафед мулоқотҳо баргузор мекунад, сипас шири гарм менӯшад ва соати ҳашти бегоҳ ба хоб меравад. Мо тамом шудаем",- навиштааст Olderandslower хонандаи дигари Daily Mail.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала