Додгоҳ ВКД ва КДАМ-ро муваззаф кард, ки ба фарзандони Хоҷаназаров ҷубронпулӣ пардозанд

© Sputnik / Руслан КривобокМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Обуна шудан
Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки ба ду кӯдак дар Ашт, ки падари онҳо пас аз шиканҷаи кормандони ин ду идора худкушӣ кардааст, ҷуброн пардохт кунанд
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ин бора хабар дода гуфтааст, моҳи декабри соли гузашта аризаи даъвогӣ баҳри рӯёнидани зарар, барои нигоҳдошт ва таъмини кӯдакони хурдсоли марҳум Хоҷаназаров Камол пешниҳод гардида буд.
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Эълони ҳукми Аҳтамов, ки аз хизмат саркашӣ кард: эҳтимоли ду соли зиндон
Ба иттилои манбаъ, ҳамсари марҳум Хоҷаназаров - Ҳотамова Гулмира барои рӯёнидани 280 ҳазор сомонӣ аз Вазорати корҳои дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои таъминоти фарзандонаш ба Додгоҳи ҳарбии гарнизонии шаҳри Душанбе муроҷиат карда буд.
Санаи 16-уми марти соли ҷорӣ бо ҳалномаи Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе даъвои Ҳотамова қисман қонеъ карда шуда, аз ҷавобгарон ба фоидаи кӯдакони хурдсол бинобар марги саробон 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ рӯёнида шуд.
Бояд қайд кард, ки ҷуброни рўёнидашуда барои зарари расонидашуда, яъне марги шахси наздик нокифоя буда, ба зиён мутаносиб нест, афзудааст манбаъ.
Каримов Худжа Рахимович, Хуҷа-командир, бывший полевой командир  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Хӯҷа - Командир дар таҷовуз ба номус ҳам муттаҳам мешавад
Ҷоизи қайд аст, ки дар таҷриба бори аввал дар қаламрави ҷумҳурӣ “аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани ҷуброни зарар ба фоидаи кӯдакон бинобар гум кардани саробон” нисбати ду мақомот пешниҳод гардид, таъкид кардааст Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳодисаи даст ба худкушӣ задани марҳум Хоҷаназаров Камол нисбати ду нафар корманди РВКД дар вилояти Суғд ва як корманди Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои шиканҷа ва ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан оғоз гардида, бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷанд ба муҳлатҳои гуногун маҳкум шуданд. Ин қазия соли 2017 рух дода буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдро дар пай дошт.
Лентаи хабарҳо
0