Коренев пешгӯӣ кард, ки кай барои муҳоҷирон дар Русия ҷойҳои корӣ зиёд мешавад

© Мэрия Нижнего НовгородаАналитик группы компаний "Финам" Алексей Коренев
Аналитик группы компаний Финам Алексей Коренев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Барои бозгашти муҳоҷирони корӣ ба Русия чӣ лозим аст, шарҳ дод таҳлилгари гурӯҳи "ФИНАМ" Алексей Коренев
ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Масъалаи афзоиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирон на аз вазъи марзҳо, балки аз талабот ба нерӯи корӣ дар бозори меҳнат вобаста аст, гуфт Алексей Коренев, таҳлилгари ширкати "ФИНАМ" дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон.
Рабочие во Владивостоке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Сохтмончиёни Урал аз Хуснуллин талаб доранд, ки муҳоҷирини тоҷикро ба Русия роҳ диҳад
"Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон таъминкунандагони қувваи кории хеле мушаххас мебошанд. Бинокорон ва кормандони хадамоти манзилию коммуналӣ ба Русия меоянд. Ва ҳоло, бинобар бӯҳрони иқтисодӣ, бекорӣ ба таври назаррас афзудааст, талабот ба ин намудҳои кор коҳиш ёфтааст", - тавзеҳ дод Коренев.
Барқарорсозии интиқоли фаромарзӣ аз Русия ба ИДМ мустақиман ба шумораи муҳоҷирони меҳнатии корӣ ва шумораи онҳо ба вазъи бозори меҳнат ва он дар навбати худ аз иқтисодиёт вобаста аст, қайд кард коршинос.
"Ҳамин ки иқтисоди Русия ба барқароршавӣ оғоз кард, талабот ба нерӯи корӣ зиёд мешавад, ҳаҷми интиқоли пул низ меафзояд", - шарҳ дод таҳлилгар.
Коренев пешбинӣ кард, ки бояд тағйироти ҷиддӣ дар иқтисоди Русия ва бозори меҳнатро дар солҳои 2022-2023, бо дарназардошти шароити мусоиди беруна, интизор шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала