Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Лавров гуфт, равобити Русия бо Иттиҳоди Аврупо қатъ шуд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров аз хароб шудани равобити ин кишвар бо Иттиҳоди Аврупо гуфт
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Сергей Лавров аз қатъ шудани равобити Русия бо ИА хабар дод. Ӯ дар ин бора пас аз гуфтушунид бо ҳамтои худ Ван И хабар дода, гуфт "Маскав бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамчун созмон робитае надорад ва онро Брюссел хароб кард".
Ба изҳори ӯ, Аврупо тамоми муносибатҳое, ки солҳои дароз эҷод шуда буданд, хароб кард. Аз ин рӯ, минбаъд муносибатҳои Русия бо Чин зудтар рушд мекунад.
"Бори дигар таъкид мекунам, ки бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамчун созмон мо робита надорем. Тамоми инфрасохтори ин равобит бо тасмимҳои якҷонибаи Брюссел хароб шуд", - тавзеҳ дод Лавров.
Аммо дипломати рус мегӯяд, агар Аврупо тасмимашро дигар кунад ва аз пайи бартараф кардани номутаносибҳое, ки худ дар муносибат бо Русия эҷод карду даст ба кор шавад, он гоҳ Маскав омодааст муносибатро дар заминаи баробарӣ ва дар пайи тавозуни манфиатҳо барқарор кунад.
Лавров: на Западе появился новый феномен - фриковая дипломатия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2021
Лавров аз пайдо шудани "дипломатияи ғаразнок" дар Ғарб гуфт - навор
Лавров ҳамчунин илова кард, ки "агар феълан дар муносибат бо ғарб ягон пешравӣ дида намешавад, Русия бо кишварҳои шарқ барномаҳои бузург дорад, ки ҳамасола равнақ меёбанд".
Лавров: Иттиҳоди Аврупо худ муносибаташро бо Русия хароб мекунад - видео
Ахиран, равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Русия дар робита ба ном "парвандаи Навалний" сардтар шуд. ИА таҳримҳои нави зидди Русияро ҷорӣ кард. Вазорати корҳои хориҷӣ онҳоро "роҳи сарбаста ва ғайриқонунӣ" номид ва ваъда дод, ки ҳатман посух хоҳад дод.
Ба таъкиди котиби матбуотии президенти Русия, Дмитрий Песков, Кремл мутмаин аст, ки сиёсати таҳримот алайҳи Маскав ба ҳадафи худ нарасида истодааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала