Манъи ғуломфурӯшӣ дар Англия: имрӯзи таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 23 марта
День 23 марта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Обуна шудан
Рӯзи бисту сеюми март Рӯзи байналмилалии метеорологҳо, Рӯзи Покистон – яке аз идҳои асосии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дар Боливия – Рӯзи баҳр мебошад

Рӯзи 23 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1806 дар Англия ғуломфурӯшӣ манъ карда шуд.
День 22 марта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Зодрӯзи Фазлиддин Шаҳобов: имрӯзи таърих
Ссоли 1841 дар Лондон аввалин маротиба дар Аврупо озмоишгоҳи суратҳо кушода шуд.
Соли 1999 Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хабар дод, ки сатҳи бемории сил дар ҷаҳон ба нуқтаи назари интиқодӣ расид.
Соли 1837 дар Канада ба аҳолии сиёҳпӯст ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.
Соли 1891 аввалин маротиба дар дарвозаи футбол тӯр истифода бурда шуд.

Рӯзи 23 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон ба ҳашари умумии ниҳолшинонӣ баромада, ҳамагонро ба иҷрои оини наврӯзии поксозию ободонии муҳити зист ва ниҳолшинонию сабзазорсозии атроф даъват намуд.
День 21 марта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2021
Рӯзи байналмилалии Наврӯз: имрӯзи таърих
Соли 2014 дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маҳлулҳои зарфшӯйиро расман ба кор дароварда, ба сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт оғоз бахшид.
Соли 2014 дар Осорхонаи этнологии Берлин Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сафоратҳои Афғонистон, Казоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Покистон, Эрон ва  Туркия тантанаҳои наврӯзӣ баргузор намуданд.
Соли 2015 дар паҳлӯи қасри фарҳангии Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои зебои амфитеатр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Соли 2016 дар маркази шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ дар вазъияти тантанавӣ аз рӯйи муҷассамаи барқади аввалин асосгузори давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардошта шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 март

  • Рӯзи байналмилалии метеорологҳо.
  • Рӯзи Покистон  – яке аз идҳои асосии Ҷумҳурии Исломии Покистон.
  • Дар Боливия – Рӯзи баҳр.

Рӯзи 23 март кӣ ба дунё омадааст

Соли 1763 — граф Фёдор Ростопчин (соли даргузашт. 1826), ходими давлатӣ ва адабиётшиноси рус.
Соли 1957 — Аманда Пламмер, ҳунарпешаи амрикоӣ, ҷоизадори секаратаи мукофоти "Эмми".

Рӯзи 23 март дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1934 – доктори илми кимиё, профессор Ҳамид  Яқубов.
Лентаи хабарҳо
0