Муҳоҷири тоҷик, ки дар Маскав аробакашиву симкорт мефурӯхт, миллионер шуд - навор

Фарид Чақабоев зодаи Бадахшони Тоҷикистон аст. Ӯ дар 18 - солагӣ ба Русия барои муҳоҷират омаду ҳоло ба як соҳибкори муваффақ табдил ёфтааст
ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Фарид Чақабоев дар солҳои аввали ба муҳоҷират омадан, аробакашӣ мекарду симкорт мефурӯхт. Ҳоло бошад як соҳибкори муваффақест, ки миллионҳо рублро кор мекунад.
Фарид меҳмони шумораи навбатии YouTube шоу "Урюк и клюква" шуд ва аз рӯзҳои аввали муҳоҷирати худ то кор кардани миллионҳо рублро қисса кард.
Ӯ, ки ҳамроҳ бо хонаводаи худ дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба зодгоҳи бобоии худ - Бадахшон гуреза шуд.
Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2021
Оё бахши кишоварзии Русия бидуни муҳоҷирон вуҷуд дошта метавонад: шарҳи коршинос
Пас аз анҷоми ҷанг оилаи Фарид боз ба Душанбе баргашт, вале манзили худро дар ҳолати вайрону валангор дарёфтанд.
"Қабл аз сафар ба муҳоҷират ба модарам ваъда додам, ки хонаи нав барояш мехарам", - ба ёд овард ӯ.
Дақиқан 1,5 сол пас Фарид ба ваъдаи худ вафо карду модарашро соҳиби манзили нав кард.
Чақабоев дар ин барнома нақл кард, ки чӣ гуна ӯ ба сӯи даромади калон ҳаракат карданро сар кард. Ӯ дар бозор бо яҳудиёну арабҳо кор карда, ба туфайли дониши хуби форсӣ, тавонист дар байни онҳо робита барқарор кунад.
Тавофуқи Тоҷикистону Русия ба интиқоли нахустин гурӯҳи муҳоҷирон - вақти сафар маълум шуд
"Ман ба араб пешниҳод кардам, ки молҳои яҳудиро бихарад ва баръакс ба яҳудиҳо молҳои арабиро тавсия медодам", - бо табассум нақл намуд Чақабоев.
Илова бар ин, Фарид дар минтақаҳои гуногуни Русия симкорт мефурухт ва аз ин ҳисоб даромади худ ба даст меовард.
Фарид яке аз роҳҳои то миллион рубл пул кор карданро дар кам намудани хароҷоти ҳаррӯза рабт дод.
"Барои ҷамъ кардани пул хароҷотро бояд хеле коҳиш дод ва ҳамзамон кӯшиш кард то даромад афзун шавад", - гуфт ӯ.
Дар баробари Фарид боз ду қаҳрамони дигар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳи пул кор кардани худро дар Русия нақл намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала