"Муносибати шадид": чаро сафири Русия ба Вашингтон бармегардад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксОсобняк Грибоедовых, здание посольства США и дом-музей Ф. И. Шаляпина (слева направо) на Новинском бульваре в Москве.
Особняк Грибоедовых, здание посольства США и дом-музей Ф. И. Шаляпина (слева направо) на Новинском бульваре в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Пас аз иттиҳомоти ахири Ҷо Байден нисбати Русия ва роҳбари он, Владимир Путин сафири ин кишвар дар Амрикоро бозхонд
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Софя Мелничук. Пас аз ҳамлаи лафзии президенти ИМА Ҷо Байден ба ҳамтои руси худ Владимир Путин, сафирашро аз Вашингтон ба Маскав бозхонд. Чунин кор ҳанӯз пас аз хуруҷи неруҳои шӯравӣ аз хоки Афғонистон сар назада буд. Ҳоло, дар ҳарду тарафи уқёнус дар ҳайратанд, ки пас аз ин ҳодиса муколамаи оммавии сарони давлатҳо, аниқтараш гуфтугӯи рӯ ба рӯи онҳо имконпазир аст ё на.

Сафири ба хона

Анатолий Антонов, ки Русияро дар Вашингтон намояндагӣ мекунад, барои машварат ба Маскав рафт. Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия Мария Захарова гуфт, анҷоми машварат бо Антонов дар Русия маълум нест ва вақте ҳамаи масъалаҳо баррасӣ мешаванд, сафир боз ба Вашингтон хоҳад рафт.
Нуқтаи поин: равобити ИМА ва Русия дар ҳоли гусастанист - YouTube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Нуқтаи поин: равобити ИМА ва Русия дар ҳоли гусастанист - навор
Худи Антонов низ пас аз озими Русия шудан, иқрор намуд, ки баррасӣ кардани бисёр масъалаҳо дар пеш аст.
Дар ҳоле, ки Маскав санҷиши робитаҳои дуҷонибаро мегузаронад, Байден изҳори хоҳиш кард, ки бо ҳамтои руси худ шахсан "дар ягон лаҳза" сӯҳбат кунад ва вақте ки фурсати муносиб фаро мерасад, шахсан мулоқот мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Кохи Сафед бори дигар хотиррасон мекунад: равобити маъмурияти нав бо Русия нисбат ба чор соли гузашта ба куллӣ фарқ хоҳад кард.
"Ҷо Байден намехоҳад дар муқобили амалҳое, ба мили дахолат ба интихоботи соли 2020, заҳролудшавии Алексей Навалний ё ҳамлаҳои киберии SolarWind, ки нигаронии моро ба бор меорад хомӯш истад", - тавзеҳ дод сухангӯи Қасри сафед Ҷен Псаки.
Ҳамзамон, ӯ изҳор дошт, ки Амрико омодааст дар соҳаҳои барои онҳо манфиатовар бо русия ҳамкорӣ кунад.

Бо роҳи бехатар

Соҳаҳо барои муносибат на он қадар зиёданд. Ягона вазифаи таъхирнопазири Байден дароз кардани шартномаи силоҳи стратегӣ буд. Музокирот бо тими Трамп душвор буд, ҷониби Амрико боисрор шартҳои иловагӣ ва иштироки Чинро дар гуфтугӯ, ки якравона аз пайвастан ба муколамаи байни Русия ва ИМА саркашӣ мекунад, талаб намуд.
Байден, мувофиқи ваъда, аввалин фармонеро, ки имзо кард, ин тамдид СНВ - 3 барои панҷ сол буд.
Хабарҳо, албатта, хубанд, аммо боз ҳам мушкилот боқӣ хоҳанд монд, бовар дорад Андрей Баклитский, корманди калони илмии Маркази Амнияти Авроатлантикии Институти Таҳқиқоти Байналмилалии ДДМБМ. Аввалан, тамдиди танҳо панҷ сол ва тақдири минбаъдаи ин санад бояд муҳокима карда шаванд. Дуюм, СНВ - 3 аз созишномаи фарогир дур аст.
Сдерживайте не Россию, а себя: Захарова о возможном размещении гиперзвуковых ракет США в Европе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Захарова изҳороти Байденро дар бораи Русия шарҳ дод: Вашингтон бояд посух гӯяд
"Аҳднома силоҳи ҳамлаи стратегиро танзим мекунад, аммо силоҳи мудофиавӣ, системаҳои миёна ва кӯтоҳпарвоз, кайҳонро танзим намекунад. Дар маҷмӯъ, бисёр чизҳо дар паси парда боқӣ мондаанд", - шарҳ медиҳад коршинос.
Ҳоло умед дар он аст, ки гуфтушунидҳо пас аз ташкили дастаи ИМА идома хоҳанд ёфт. Тасмим гирифтан лозим аст, ки чӣ гуна назорати яроқ идома ёбад.
"Бо нерӯҳои стратегии ҳастаӣ чӣ кор кардан лозим аст ва масълаҳои дигар", - тавзеҳ медиҳад Баклитский.
Маскав пешниҳод мекунад, ки муодилаи нави амниятӣ, аз ҷумла тамоми силоҳҳои ҳастаӣ ва мудофиаӣ ва ғайринатомиро таҳия кунад. Он бояд таҳаввулоти ҳам ҷанбаҳои ҳарбӣ-техникӣ ва ҳам ҳарбӣ-сиёсии амниятро ба назар гирад. Ба ибораи дигар, бояд мушкилотро ҳамаҷониба баррасӣ кард, фаҳмид, ки кадом омилҳо ба чӣ таъсир мерасонанд ва ҳангоми ба эътидол овардани тавозун инро ба назар гирифтан лозим аст.
"Масалан, агар мо нерӯҳои стратегиро коҳиш диҳем, мо наметавонем онҳоро зери хатар гузорем ва системаҳои дифоъи зиддимушакӣ бисозем, - идома медиҳад коршинос."

Ғайр аз силоҳ

Инчунин дигар соҳаҳои ҳамкорӣ мавҷуданд: фазои осоишта, тағирёбии иқлим, ҳамкорӣ дар Шарқи Наздик, дар Арктика, бемориҳои сироятӣ. Аммо, соли гузашта нишон дод, ки пандемияи глобалӣ барои густариши робитаҳо мусоид нест.
Ҳамзамон, сиёсати таҳримоти Вашингтон нисбат ба Кремл, тавре интизор мерафт, шадидтар шуд. Департаменти давлатӣ қарори суди Русия нисбати Алексей Навалнийро шадидан танқид карда, онро нақзи ҳуқуқ ва "пахш кардани плюрализми сиёсӣ" донист.
Красная площадь в сумерках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Вокуниши Кремл ба таҳқире, ки Байден нисбати Путин раво донист
Чораҳои маҳдудкунӣ дер интизор набуданд. Дар авоили моҳи март Иёлот 14 созмонро аз рӯи парвандаи Навалний ба рӯйхати сиёҳ даровард.
Ҳатто агар Вашингтон ба рушди муносибатҳо манфиатдор бошад ҳам, ин хеле интихобкор аст, мегӯяд директори генералии Шӯрои корҳои байналмилалии Русия Андрей Кортунов.
Дарҳол пас аз ба кор даромадани президенти нав, дар пасманзари муҳокимаи СНВ - 3, ҳанӯз ҳам умеди машваратҳои пуршиддат ва ҳаракат ба пеш буд. Аммо, ба гуфтаи коршинос, ҳоло маълум аст: маъмурияти нав нияти барқарор кардани "пул"  бо Маскавро надорад. Ҷанҷол дар атрофи изҳороти Байден ва бозхонди сафир танҳо натиҷаи мушкилоти ҷиддитар аст.
"Ба назари ман, чизи аввалиндараҷа ин аст, ки маъмурияти Амрико зарурати иртиботи ҷиддӣ бо Маскавро эҳсос намекунад", - мегӯяд Кортунов. 
Зимнан, масъалаи мубрамтарин - назорати силоҳ як муддат канор гузошта шуд. Бояд ба он дар панҷ соли оянда баргардем ва Кохи Сафед вақт дорад ба Русия нишон диҳад, ки муколама чӣ гуна идома хоҳад ёфт. Ҷанҷоли кунунӣ гумон аст, ки ба бадшавии шадиди муносибатҳо сабаб шавад. Дар ниҳоят, ин натиҷаи вазъи муносибатҳои дуҷониба аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала