Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Дар Тоҷикистон барои эмгузаронӣ алайҳи COVID се ҳазор нуқта боз мешавад

© Министерство здравоохранения РТМинистр здравоохранения Таджикистана во время вакцинации
Министр здравоохранения Таджикистана во время вакцинации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Дар Тоҷикистон барои эмкунии аҳолии ҷумҳурӣ аз сирояти коронавирус се ҳазор нуқта таъсис дода шудааст
ДУШАНБЕ, 23 март - Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон барои эмгузаронии аҳолӣ аз коронавирус 3 ҳазор нуқта ташкил карда шудааст, гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода.
"Дар Душанбе ва тамоми минтақаҳои Тоҷикистон се ҳазор нуқта барои эмгузаронии аҳолии ҷумҳурӣ аз сирояти коронавирус таъсис дода шудааст", - гуфт ӯ ҳангоми оғози ваксинагузаронӣ дар ҷумҳурӣ.
Ба гуфти вазир дар ҳоли ҳозир, марҳилаи аввали маъракаи эмгузаронӣ, ки рӯзи 22 март оғоз шуд, танҳо дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Вазири тандурустии Тоҷикистон ҳангоми эмгузаронӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Расман: вазири тандурустӣ ва муовинони ӯ бо AstraZeneca эм шуданд
"Марҳилаҳои навбатии эмгузаронии аҳолӣ дар минтақаҳо баргузор мешавад, аммо мӯҳлати он ҳанӯз маълум нест", - шарҳ дод ӯ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи сешанбе эмгузаронӣ алайҳи коронавирус дар Тоҷикистон расман оғоз ёфт ва нахустин ваксинаро роҳбари Вазорати тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода гирифт.
Дар ҳоли ҳозир, барои эмгузаронӣ дар Тоҷикистон доруи AstraZeneca истифода мешавад.
Бояд илова кард, ки тибқи Нақшаи миллии эмгузаронӣ, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба таври ихтиёрӣ ваксинаҳои AstraZeneca мегиранд. Ба ин гурӯҳҳо аз ҷумла табибон, мураббиён, шаҳрвандони аз 50-сола боло дохил мешаванд.
Қарори Ҳукумат: эълони вақт ва тартиби ваксинагирӣ зидди COVID-19 дар Тоҷикистон
Хабар дода мешавад, ки дар ҳама муассисаҳои тиббии кишвар марказҳои эмгузаронӣ омодаанд.
Ёдовар мешавем, ки 8 марти соли 2021 дар доираи механизми COVAX Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт нахустин гурӯҳи ваксинаи AstraZeneca ба миқдори 192 ҳазор воя тавассути парвози махсуси "Сомон Эйр" аз Деҳлӣ ба Душанбе оварда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала