Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

"Ҳамин тавр тавонотаринҳоро аз байн мебаранд": Зебинисо Рустамова аз Назаров ҳимоя кард

© © Sputnik / Амир ИсаевЗебинисо Рустамова чемпионка мира по стрельба из лука на летних Олимпийских играх 1976
Зебинисо Рустамова чемпионка мира по стрельба из лука на летних Олимпийских играх 1976 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Роҳбари Ассотсиатсияи олимпиадачиёни Тоҷикистон ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба камонварӣ, Зебинисо Рустамова дар бораи моҷарои допинг, ки дар атрофи Дилшод Назаров сар зад, изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 23 март - Sputnik. Варзишкори маъруфи шӯравӣ ва тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба камонварӣ Зебинисо Рустамова дар бораи муваққатан маҳрум кардани гурзандози тоҷик Дилшод Назаров аз ҳаққи иштирок дар мусобоиқаҳо, изҳори назар кард.
Дилшод Назаров на летних Азиатских играх 2018 в Джакарте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
"Варзиш ба сиёсати ифлос табдил шуд": интиқоди варзишгарони тоҷик аз қазияи Назаров
Ӯ гуфт, вақте ки дар бораи аз ҳаққи сабқат маҳрум шудани Назаров шунид, хеле нороҳат шуд.
"Онҳо муддати дароз хомӯш буданд ва вақте фаҳмиданд, ки Бозиҳои олимпӣ баргузор мешаванд, пас онҳо аз ҳаққи маҳрум сохтан эълом карданд. Вай як варзишгари хеле қавӣ аст ва ба онҳо халал расонд", - гуфт варзишгари тоҷик ба НИАТ "Ховар ".
Ҳамзамон, Рустамова қайд мекунад, ки ин ҳолат гӯиё даҳ сол қабл буд ва эҳтимол аст, ки сохтаи худи онҳо бошад.
"Ба ёд орем, ки онҳо бо варзишгарони Русия чӣ кор карданд. Бо ин роҳ варзишкорони қавӣ хориҷ карда мешаванд", - таъкид кард роҳбари Ассотсиатсияи олимпиадачиён.
Вай қайд кард, ки Назаров варзишгари боодоб, бовиҷдон ва меҳнатдӯст, мутахассиси соҳаи худ мебошад.
Ба гуфтаи вай, тамоми Тоҷикистон Назаровро эҳтиром мекунад, бо ӯ ифтихор дорад ва аз ин рӯ, ӯ ҳамеша барои кишвараш қаҳрамон хоҳад буд ва пирӯзиҳои зиёде дар пешанд.
"Дилшод қавитарин дар сайёра аст, ӯ тиллои мост!", - хулоса кард мусоҳиб.
Ёдовар мешавем, ки қаблан гурзандоз Дилшод Назаров барои допинг ба муддати ду сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум карда шуд.
Гуфта мешавшад дар намунаҳои ӯ моддаи манъшудаи дегидрохлорметилтестостерон (DHCMT) ёфт шудааст.
Дилшод Назаров дар допинг гунаҳкор дониста шуда, барои 2 сол аз ҳаққи фаъолият маҳрум карда шуд.
Дилшод Назаров ба истифодаи допинг гунаҳагор ва 2 сол аз мусобиқот маҳрум шуд
Мӯҳлати маҳрумият аз 24 сентябри 2019 муқаррар карда шудааст. Ҳамин тариқ, Назаров метавонад танҳо дар моҳи октябри соли 2021, ки Бозиҳои олимпии Токиоро аз даст медиҳад, дубора ба ширкат дар мусобиқаҳо баргардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала