Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Вакили Думаи давлатӣ гуфт, кай Русия марзро ба рӯи донишҷӯёни тоҷик мекушояд

Любовь Духанина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Любов Духанина, раиси ҷамъияти "Дониш" - и Русия, муовини раиси Кумитаи таълим ва илми Думаи Давлатӣ гуфт, чаро ба донишҷӯёни тоҷик ҳанӯз иҷозаи вуруд надодаанд
ДУШАНБЕ, 23 март - Sputnik. Ҳукумати Русия ба вуруди донишҷӯёни хориҷӣ иҷозат дод. Дар маҷмӯъ, донишҷӯён аз 25 кишвари дунё метавонанд ба Русия ворид шаванд.
"Танҳо шаҳрвандони он кишварҳое, ки Роспотребнадзор тавсия додааст - яъне давлатҳое, ки аз нигоҳи вазъи эпидемиологӣ бехатар мебошанд, метавонанд ба Русия ворид шаванд", -  гуфт Духанина дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.
Ин талабот ба донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд низ дахл дорад, гуфт вай.
Город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
“Роспотребнадзор” Тоҷикистонро таъриф карду рафт: роҳҳои Русия боз мешаванд?
"Раёсати асосии санитарии Федератсияи Русия мунтазам рӯйхати кишварҳои барои вуруд кушодаро нав мекунад, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳанӯз дар ин рӯйхат нестанд", - гуфт вай.
Тибқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи "Микроб", мутахассисони Роспотребнадзор хулосаҳои худро на танҳо бар асоси маълумоти марбут ба беморӣ, балки инчунин ба вазъи умумии системаи пешгирӣ, ташхис ва табобати коронавирус дар кишвар мебароранд.
"Федератсияи Русия аз ибтидо вазъи коронавирус дар Тоҷикистонро бодиққат пайгирӣ мекард. Танҳо аз моҳи феврал то моҳи майи соли 2020 ба ҷумҳурӣ 150 ҳазор системаи санҷиши ташхиси коронавирус тақдим карда шуд", - гуфт муовини раиси Кумитаи Думаи давлатӣ.
Вай инчунин ёдовар шуд, ки мутахассисони Русия ҳафтаи гузашта барои таҳлили вазъи коронавирус ба Тоҷикистон сафар доштанд.
"Ман фикр мекунам, ки ҳангоми қабули қарор дар бораи кушодани марзҳо натиҷаи кори онҳо низ ба назар гирифта шудааст", - гуфт вай.
Дар Тоҷикистон барои эмгузаронӣ алайҳи COVID се ҳазор нуқта боз мешавад
"Инро низ бояд дар назар дошт, ки истифодаи доруи AstraZeneca, ки Тоҷикистон онро аввали моҳи март дар доираи барномаи COVAX гирифтааст, ҳоло аз ҷониби як қатор кишварҳои Аврупо боздошта мешавад. То ҳол дар Тоҷикистон ваксинаи дигар алайҳи сирояти коронавирус мавҷуд нест”, - шарҳ дод коршинос.
Дар ҳамин ҳол, донишгоҳҳои Русия бесаброна интизори бозгашти донишҷӯёни хориҷӣ ҳастанд, афзуд вай.
Русия ба донишҷӯёни 25 давлат иҷозати вуруд дод
"Агар вазъи эпидемиологӣ мусоид рушд кунад, он гоҳ донишҷӯёни Тоҷикистон метавонанд барои таҳсил дар Федератсияи Русия баргарданд", - хулоса кард Духанина.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала