Ноуҳдабароии ду ронанда ба марги дучархарону пиёдагард анҷомид

© PixabayСломанный велосипед, архивное фото
Сломанный велосипед, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз рух додани садамаҳои нақлиётӣ дар ноҳияи Восеъ ва шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар пай талафоти ҷонӣ доштаанд
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Дучархарони 72 - сола дар ноҳияи Восеъ қурбони як садамаи нақлиётӣ шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 22 март,тахминан соати 12:30 дақиқа рух дод.
Боздошти ронанда Аслиддин Миров барои пахши донишҷӯ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Ҳалокати донишҷӯйи Донишгоҳи исломӣ зери ҷархи "Волсваген"-и Аслиддин - видео
Гуфта мешавад, Раҳимов Амирхуҷа, ронандаи 26 - солаи мошини "Сонг-Хуа", ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Фархор ба самти ноҳияи Восеъ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти А.Авазов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад.
Дар натиҷа, ӯ дучархарон Назаров Исмоналии 72 - соларо пахш намуд. Ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ ҳамчунин аз як садамаи дигари нақлиётӣ низ хабар медиҳад, ки дар роҳи мошингари шаҳри Душанбе ба вуқӯъ омадааст.
Ин ҳодисаи нохуш ҳам рӯзи 22 март иттифоқ афтод, ки дар натиҷа ҷавони 20 - сола ҷон аз даст дод.
Садамаи мудҳиш: мошин дар роҳи Ёвон ба ҷарии 30-метрӣ чаппа шуд
Манбаъ меафзояд, Миров Аслиддини 28 - сола, ронандаи автомашинаи "Фолксваген-Поло",  ки аз самти кӯчаи Ғафуров ба самти кӯчаи Каримов ҳаракат мекард, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, дар натиҷа пиёдагард Азимов Низомиддинро пахш намуд.
"Аз ҷароҳатҳои бардошта, ҷавони 20 - сола дар беморхона ба ҳалокат расид", - таъкид мешавад дар хабар.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0