Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тирпаронӣ дар Маркази савдои Амрико: силоҳбадаст 10 нафарро кушт - навор

© Sputnik / Юки Ивамура / Гузаштан ба хазинаи аксВоеннослужащие Национальной гвардии и полиции дежурят на одной из улиц в США
Военнослужащие Национальной гвардии и полиции дежурят на одной из улиц в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Марде, ки сӯйи мардум дар Маркази савдои иёлати Колорадо оташ кушод, боздошт шуд ва феълан сабаби ин аъмоли нангини ӯ норушан аст
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Бар асари тирпаронӣ дар шаҳри Боулдери иёлати Колорадо дасти кам 10 нафар қурбон шуданд, хабар медиҳад USA Today.
Ба иттилои манбаъ, миёни кушташудагон як корманди пулис низ ҳаст. Ҳодисаи нохуш дар Маркази савдо рух додааст.
Ҳамлаи интиҳории ҷангҷӯён ба пойгоҳи баҳрии Амрико дар Кения
Зимнан, кормандони пулис аз боздошт шудани ҳамлагар хабар доданд ва мардумро мутмаин намуданд, ки ба онҳо дигар хавфе таҳдид намекунад.
Қаблан расонаҳо аз кушта шудани 6 нафар хабар доданд, вале баъдан ин рақам то 10 қурбонӣ афзуд.
Дар наворе, ки аз ҷониби шоҳидони ҳодиса нашр шудааст, садои тирпаронӣ дар Маркази савдо шунида мешуд.
TELEGRAMMMM "{$url}"
Дар навори баъдӣ лаҳзаи баровардани як марди нимбараҳна нишон дода мешавад, ки аз қисмати пой маҷрӯҳ шудааст. Ҳоло маълум нест, ки ҳамлагар маҳз ҳамин мард аст ё нафари дигар.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январ дар иёлати Индиана силоҳбадаст дар манзили истиқоматӣ тир кушод, ки дар натиҷа 5 нафар бо шумули як зани ҳомила кушта шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала