Расман: вазири тандурустӣ ва муовинони ӯ бо AstraZeneca эм шуданд

© акс аз Вазорати тандурустии ТоҷикистонВазири тандурустии Тоҷикистон ҳангоми эмгузаронӣ
Вазири тандурустии Тоҷикистон ҳангоми эмгузаронӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Дар Бемористони "Истиқлол"- и шаҳри Душанбе сар аз имрӯз маъракаи эмгузаронӣ алайҳи маризии коронавирус оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз бо оғоз шудани маъракаи эмгузаронӣ дар Тоҷикистон, нахуст худ ваксин гирифт.
Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, вазир дар Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" бо ваксини AstraZeneca эм карда шуд.
Эмомали Рахмон на совещания с вице примерами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Қарори Ҳукумат: эълони вақт ва тартиби ваксинагирӣ зидди COVID-19 дар Тоҷикистон
Гуфта мешавад, дар баробари Абдуллозода, ҳамчунин муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Самариддин Ализода низ эмгузаронӣ шуданд.
Манбаъ меафзояд, ба ҷузъ аз вазиру муовинони ӯ, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Виктор Олшавский, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе дар ҳузури хабарнигорон эм карда шуданд.
Ваксини AstraZeneca, дар ҳаҷми 192 000 воя аз ҷониби ташкилоти COVAX ба ҷумҳурӣ ворид гардид. Бо ваксини мазкур ҳудуди 20 дарсади аҳолиии Тоҷикистон бояд ваксин карда шаванд.
Путин гуфт, кай алайҳи коронавирус эм мегирад
Қаблан гуфта мешуд, ки дар марҳилаи аввал кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60-сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм эмгузаронӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 22 март  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Тибқи қарори мазкур ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки баъд аз анҷоми ҳар як марҳилаи баргузории иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар ҷумҳурӣ дар давоми 15 рӯз оид ба натиҷаи онҳо ба Ҳукумат маълумот пешниҳод намояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала