Духтари 20 - сола аз дарёи Душанбе бо ҷароҳатҳои зиёд берун оварда шуд

© Sputnik Амир ИсаевРека "Душанбинка". Архивное фото
Река Душанбинка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз наҷот додани духтари 20 - сола хабар медиҳад, ки ба қасди худкушӣ худро ба дарёи Душанбе ғарқ карда буд
ДУШАНБЕ, 24 март - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз ин ҳодиса шаби  рӯзи23 марти соли 2021 соати 20:54 бо вақти маҳаллӣ лейтенантҳои калони Кумита Сафаров Абдулвоҳид ва Тауров Меҳроб огаҳ шудаанд.
Пограничная с Афганистаном река Пяндж, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Шуғнон: Сарбозон духтари 20-соларо, ки худро ба дарёи Панҷ андохт, наҷот доданд
Гуфта мешавад, ки онҳо ҳангоми хидмати патрулӣ дар қаламраи кӯли "Ҷавонон" – шаҳри Душанбе аз навбатдори ШКВД-и ноияи Сино - 2 пойтахт хабар гирифтанд, ки зане худро ба дарёи Душанбе ғарқ кардааст. Маҳалли ҳодиса ба маҳалли навбатдории ин ду тан наздик будааст.
Афсарони КҲФ фавран худро ба ёрии шахси ғарқшуда расонданд.
Гиламандии милиса аз мардум: "ба ҷойи кӯмак, онҳо акси маро мегирифтанд"
КҲФ мегӯяд, ба онҳо муяссар шуд, ки сокини 20-солаи пойтахти кишварро, ки даст ба худкушӣ зада буд, наҷот диҳанд.
"Ӯ бо захмҳо ва зарбу латҳои зиёди сангу реги дарё ба бемористон интиқол дода шуд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ба чунин иқдоми кушанда даст задани ӯро муайян меунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала