Аспи кӣ зӯртар: "Наврӯзгоҳ" дар интизори човандозони беҳтарин аст

© Sputnik / Амир ИсаевСкачки в Душанбе
Скачки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Обуна шудан
Қаблан мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои баргузор шудани мусобиқаи мазкур 185 ҳазор сомонӣ ихтисос дода буд
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар Душанбе имрӯз пойгаҳи аспдавонӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад агентии Ховар.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур соати 14:00 дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳи пойтахт" бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мешавад.
Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2021
Душанбе аз хоби зимистон "бедор" шуд: сеҳри Наврӯзи тоҷикон дар аксҳои рангоранг
Гуфта мешавад, човандози беҳтаринро "Ҷоми Пойтахт - 2021" интизор аст.
Юарои баргузории ин мусобиқа, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз фонди рушди шаҳр 185 ҳазор сомонӣ ҷудо намуда буд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 16 - сола боло бо аспҳои 2, 3,  4  ва аз 4-сола болои хоҷагиҳои асппарварии ҷамъиятиву хусусии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок ва байни ҳам  рақобат  мекунанд.
Мақсад аз баргузор кардани мусобиқаи  аспдавонӣ рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа арзёбӣ мешавад.
Дастури Рустами Эмомалӣ барои даъвати беҳтарин паҳлавонону човандозон ба пойтахт
Ёдовар мешавем, ки  соли гузашта низ дар  "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба аспдавонӣ баргузор шуда буд. Он замон ба масофаи 2000 метр миёни аспҳои аз чаҳорсола болои зоти англисӣ аспе бо лақаби "Шерхон-Дарк" аз Душанбе бо натиҷаи 2 дақиқаю 3 сония пирӯз шуд.
Лентаи хабарҳо
0