Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 24 март, бо сафари корӣ ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафар кард
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ ба ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Хатлон сафар кард.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, ҳамчунин кишвардор дар ин сафар, амалишавии барномаҳои давлатиро санҷида аз корҳои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон боздид хоҳад кард.
Ҳамчунин раисиҷумҳур дар доираи ин сафар, бо намояндагону фаъолон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ дидору мулоқот карда, бо вазъи рӯзгори мардум, рафти корҳои саҳроӣ ошно мешавад ва дар маросими ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ширкат мекунад.
Номҳои нав: қарори Ҳукумат барои тағйири номҳо дар Данғара, Фархор ва Ҷ.Балхӣ
Манбаъ афзуда, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Эмомалӣ Раҳмонро муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар масъулин истиқбол гирифтанд.
Ёдрас мешавем, ки ҳамасола президенти Тоҷикистон бо мақсади ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум ва дидору мулоқот бо фаъолон ба манотиқи гуногуни кишвар сафар мекунад.
Лентаи хабарҳо
0